Нахустин нафаре, ки дар майнааш чипи Neuralink насб шудааст, бо қудрати фикр дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёме гузошт

Бемор Нолан Арбо, ки ба майнааш имплантанти ширкати нейротехнологии Neuralink-и Илон Маск насб карда шудааст, аввалин паёми худро дар X (собиқ Twitter) бо тафаккур навишт.

Дар ин бора Маск X хабар додааст.

"Бо истифода аз имплантатҳои Telepathy Neuralink дар воситаи фикркунии оддӣ дар таърих бори аввал паём гузошта шуд" гуфт Маск.

Нолан Арбои 29-сола гуфт, ки тақрибан ҳашт сол пеш ба садама дучор шуда буд, ки қисми пасти китфаш ҳеҷ чизро эҳсос намекунад. Акнун вай метавонад курсори тахтаи шоҳмоти экрани ноутбуки худро бо қувваи фикр ба ҳаракат оварда, донаҳоро аз нав ба тартиб дарорад.

Дар охири моҳи январ Илон Маск дар бораи ба мағзи сари инсон бомуваффақият насб карда шудани имплантати Neuralink хабар дода буд, хабар медиҳад tass.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: