24 июл мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба амал омад.
Нахустин Президенти Қазоқистон сарвари давлати моро ба муносибати таваллудаш самимона табрик гуфта, ба халқи бародари Ӯзбекистон сулҳ, бахту саодат ва шукуфоӣ орзу намуд.
Зимни суҳбат рушди босуръати ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ду кишвар, таҳкими пайвастаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.
Аз рӯи масъалаҳои инкишофи вазъияти минтақа мубодилаи афкор барпо гардид. Ба натиҷаҳои пурсамари Мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 20-21 июли соли равон дар Қирғизистон баргузор шуд, баҳои баланд дода шуд.