НАХУСТИН ЗАНИ ШИРИНКОР

Мутахассисони соҳаи тиб бар онанд, ки хандаву хушҳолӣ ба умри одам меафзояд.

 Дар ҳама давру замонҳо будаанд одамоне, ки бо сухану рафтор ва ҳаракатҳои худ дар рӯзҳои хурсандӣ — тӯю сур ва ҷашнҳо одамонро хушҳол мегардондаанд. Тоҷикон ба чунин одамон бо суханони «ширинкор», «базлагӯй», «зарофатгӯй» ва «хушсухан» арҷ гузоштаанд. Дар байни ин вожаҳо маъмултаринашон «ширинкор» аст, ки ба маънии «артист» низ истифода шавад. Бародарони ӯзбек «ширинкор»-ро «қизиқчи», русҳо «юморист» гӯянд. Шоири ҳаҷвнигор Убайди Зоконӣ дар шеъраш вожаи «ширинкор»-ро ба маънии базлагӯю зарофатгӯй кор фармудааст:
Ба пеши худ бинишон 
шоҳидони ширинкор,
Ки бо шакардаҳанон хуш бувад 
суолу ҷавоб.
Агар корбурди ин вожаро дар шеър аз ҷониби шоирони қадимитар, ба мисли Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз ба назар гирем, фикре пайдо мешавад, ки ҳунари ширинкории мардуми мо бесобиқа нест.
Бо ҳунари ширинкорӣ бештар мардон машғул шудаанд. Занон низ дар давраҳои худ ширинкорӣ мекардаанд, вале аз мардон рустӣ. Дар қарни ХХ ва баъд аз он дар Ӯзбекистони кунунӣ Зайнобуддин Юсупов, Муҳиддин қизиқ Дарвешов, Ҷӯрахон Пӯлодов, Юсуфҷон қизиқ, дертар Мирзобек Холматов, Ҳоҷибой Тоҷибоев, Обид Асомов, Валиҷон Шамшиев, Зокир Очилдиев, Ортиқ Султонов, Аваз Охун бо ин ҳунар сарукор доштаанд. Дар Тоҷикистон ба рушди ҳунари ширинкорӣ Мастибек Паллаев, Устоқадам Машрабов, Қиёмиддин Чақалов, Алоуддин Абдуллозода ва дигарон саҳм гузоштаанд...
Дар кишварҳои Аврупо ва Русия, ки мардум арзишҳо ва тарзи хоси зиндагии  худро доранд, занон низ бо ҳунари ширинкорӣ машғуланд.
Истиқлол ба тавону салиқаи мардум такон бахшид ва занони мо низ ба ширинкорӣ рӯй оварданд. Яке аз чеҳраҳои ҳунар дар ин росто Маҳфуза Шербоева мебошад.
Маҳфуза Шербоева  соли 1987 дар ноҳияи Булунғури вилояти Самарқанд ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ духтараки хушзеҳн буд. Дар тақлиди ҳунарпешагони номӣ овозхонӣ мекард.  Баъди хатми мактаби миёна ба падару модараш арзи дил кард, ки мехоҳад санъаткор шавад. Онҳо эътироз накарданд. Барояш бахти донишҷӯйи Институти театрии наққошӣ ва санъати Тошканд (ҳоло Институти давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон) шудан насиб гардид...
Иттифоқ афтод, ки дар консерти ин хонум, ки моҳи сентябри соли равон дар санаторияи «Оқтош» баргузор шуда буд, иштирок намоям. Баъди консерт дар паси саҳна бо ӯ суҳбати фишурдае доштам.
— Хоҳари азиз, аз гуфтаатон дар саҳна ошкор гардид, ки дар ибтидо орзуи овозхон шудан доштаед, вале ҳоло мардум Шуморо ба сифати ширинкор мешиносад, сабаб чӣ буд, ки аз овозхонӣ ба ширинкорӣ гузаштед? — рӯ овардам ба ӯ.
— Бале, орзуям овозхон шудан буд, ин ҳунар ҳамеша бо ман хоҳад монд. Аммо дар худ ин ҷиҳатро низ кашф намудам. Барилова, дидам, ки зане қабл аз ман дар ин ҷода қадам нагузошта будааст, дар ман фикри «Чӣ, зан аз ӯҳдаи ин кор намебарояд?» пайдо шуд.
— Шояд дар тӯли фаъолиятатон нафароне ёфт шудагистанд, ки гуфта бошанд: «Ширинкорӣ кори занон нест»?..
— Кам набуданд. Аммо ман гӯш ба амри дил додам. Мисли моҳӣ ба муқобили ҷараён шино кардам.
— Дар рафти консертатон шоҳиди он гардидам, ки Шумо ҳунари мардумро ба худ ҷалбу ҷазб кардан доред. Ин самари маърифатнокӣ аст, ё гирумономӯзӣ аз устодон? Дар ин ҷода ҳунарнамоии кадом устодон ба Шумо писанд аст ва илҳом мебахшад?
— Як сири комёбӣ ин аст, ки вақте ба саҳна мебароям, сарфи назар аз синну сол, тамошобинеро ба суҳбат мекашам ва дар мисоли ӯ мавзӯи мавриди назарро ба миён мегузорам. Ин кори ман диққати  тамошобинонро ба як нуқта ҷалб менамояд. Дар консертҳоям саъю кӯшиш ба харҷ додаам, ки ҳама чизро аз халқ гирифта, ба халқ баргардонам. Дар байни халқ нафароне ҳастанд, ки нуқсону камбудиҳои дигарон ва ҷамъиятро аз будаш зиёд карда, дар қабои хандаву ширинкорӣ нишон медиҳанд. Аммо дар паси ин хандаву ширинкорӣ танқид ва дард нуҳуфта аст, ки одамонро ба андешидан ва ислоҳ шудан водор месозад. Ҳунарпеша бояд соҳибмаърифат низ бошад. 
Дар ҷодаи ширинкорӣ кору эҷодиёти ширинкорони номӣ Муҳиддин Дарвеш, Ҳоҷибой Тоҷибоев, Обид Асомов ва чанде дигар бароям намунаи ибрат аст. Ҳарчанд забони русиро хуб намедонам, ҳаракат мекунам, ки аз ҳунари занони ширинкор Елена Воробей, Светлана Рожкова, Елена Степаненко баҳра бардорам...
Ширинкори касбӣ Маҳфуза Шербоева тамошобинро дар доираи одоб механдонад, дар ҳаракатҳояш зиёдаравӣ нест, мисли баъзе ширинкорон парда аз рӯйи шарму ҳаё намебардорад... 
Хонандагони азиз ва алоқамандони ҳунари ширинкорӣ, шояд дар ин навишта мо зани ширинкори ӯзбекро аз будаш зиёд таъриф кардем, вале тавре ки мегӯянд: «Шунидан кай бувад монанди дидан». Маслиҳат ин аст, ки  аз консертҳояш  худ қазоват кунед, ки ҳунари ин духтари кӯшо дар кадом поя аст.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: