НАЙ — АСБОБИ МУСИҚИИ НАФАСӢ

ё шарҳи се байти «Маснавӣ» дар иртибот бо ин асбоб

Най вожаи форсии тоҷикӣ буда, дар фарҳангҳо ба ду маънӣ омадааст: 1. Як навъ гиёҳе, ки дар ҷойҳои сероб мерӯяд ва танаш борику рост буда, миёнаш ковок аст; қамиш. 2. Як навъ асбоби мусиқии нафасӣ, ки бештар аз танаи най сохта мешавад. 
Садои ин олат мисли ин ки сеҳре дар ниҳон дошта бошад, гӯши ҷонҳоро навохта, асабҳоро ором месозад. Аксарият медонанд, ки навъҳои зиёди ин асбоби мусиқӣ вуҷуд дорад: най, сурнай, қӯшнай, карнай... Вале кам касон огоҳӣ доранд, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ образи ин асбоби мусиқиро дар «Маснавии маънавӣ»-и худ барои ифодаи маъниҳои ирфонӣ, бо истифода аз санъати таҷнису истиора, басе хотирмон офаридааст. Дар ин шоҳасар, ки аз ояҳои қуръонӣ, аҳодиси набавӣ ва ривоёти динӣ иборат аст, най мисли одами зинда аз ҷудоиҳо шикоят ва ҳикоят мекунад:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
Най аз кӣ ё аз чӣ ҷудо шуд? Ҷавоби суол дар поёнтари навишта. Метавон гуфт, ки най тани инсони ориф ё Одам аст. Бино ба ривояти диние Худо вақте нахустодамро дар биҳишт офарид, хост барои зинда кардан, як пора ҷонашро дар пайкари гилии ӯ бидамад. Ҷон ба тани гилӣ роҳ намеёфт. Худо найеро аз найистон бибриду най сохт ва бинавохт, ҷон ба пайкари Одам ворид шуд ва пайкари гилӣ ба ҳаракат даромад. Худо дертар, бино ба дархости Одам, Ҳавворо халқ кард ва барои имтиҳони вафову садоқат онҳоро аз хӯрдани меваи биҳишт (дар Инҷил номи он мева себ аст, дар Қуръон — гандум) манъ кард. Аҳди дуруст баста шуд.
Худо ҳар он чӣ шифоҳӣ мегуфт, Одам ёддошт мекард. Вале фариштагон ин хусусиятро надоштанд. Биноан, Худо аз фариштагон дархост намуд, ки дар пеши ин офаридаи ӯ — Одам сари таъзим фуруд оранд. Ҳамаи фариштаҳо сари таъзим фуруд оварданд, илло сардори фариштагон — Шайтон. Худо сабаби саркашии Шайтонро пурсид. Гуфт:
— Ту Одамро аз гили сияҳ офаридӣ, ман мавҷуди қудсӣ — фариштаям. Биноан, нахостам дар пойи гили сияҳ сари таъзим фуруд оварам. 
Худо Шайтонро аз биҳишт ронд. Шайтон тасмим гирифт, ки як умр офаридаи Худо — Одамро аз роҳ хоҳад зад. Зеро ба туфайли ӯ аз биҳишт ронда шуд...
Шайтон дигар ҳуқуқи ворид шудан ба биҳиштро надошт. Вай рӯзе дар сурати мор вориди биҳишт гардид. Дид, ки Ҳавво гирди хӯшаи гандум мегардад. Гуфт:
— Чаро ин меваро, ки беҳтарини меваҳои биҳишт аст, намехӯред?
Ҳавво гуфт:
— Худо хӯрдани онро ба мо манъ кардааст. Мо ваъда додаем, ки хилофи гуфтаи ӯ амал намекунем.
Шайтон гуфт:
— Худо шуморо фиреб додааст. Ин меваро хосияти зиёдест. Агар шумо онро хӯред, мисли Худо соҳиби қудрат, халлоқ ва донандаи асрори азалу абад хоҳед шуд. Худо нахостааст, ки шумо мисли ӯ бошед. Биноан, хӯрдани онро манъ кардааст. 
Ҳавво ба доми найранги Шайтон афтид ва порае аз гандумро мехӯрд, ки Одам пайдо шуд. Ҳавво гуфтаҳои морро ба ӯ такрор кард ва Одам низ порае аз гандум бихӯрд. 
Одаму Ҳавво миёни аҳду паймон шикастанд, аз имтиҳон нагузаштанд ва аз ватани аслӣ — биҳишт ронда шуданд.
Худо гуфт, ки шумо дар биҳишт зиндагии бароҳат доштед ва дар бемаргӣ ба сар мебурдед, дигар бо арақи ҷабин рӯзӣ хоҳед ёфт ва марг бароятон муқаррар аст, паймонаатон, ки пур шуд, амонати дода — ҷонро хоҳам гирифт.
Ва ин ҷон аз рӯзи ҷудо шудан аз вуҷуди Ҳақ ва ватани аслӣ (биҳишт) дар нолаву фарёд аст. Най — тани Одам, дам — рӯҳи нолонест дар он. Рӯҳ — амонат ба вуҷуди Ҳақ пайвастанист. Нолаҳои ӯ аз ин ҷост:
Аз найистон то маро бибридаанд. 
Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Аз найистон — биҳишт вақте маро ҷудо карданд — бибриданд, бонгу фарёдам баланд шуд, аз нафирам — бонгу фарёдам марду зан ба нола даромаданд, яъне ҷудоӣ аз асл — найзор ё биҳишт барои най — Одам гарон афтода буд. Воқеан, нолаҳои най гоҳо басе ҷонгудоз аст. Мавлавӣ дар идомаи ин абёт меафзояд:
Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Ин байт ишора ба ҳадиси Расули акрам низ ҳаст, ки фармуда: «Ҳар чиз ба асли худ баргарданда аст». Мо дар байти болоӣ шоҳиди он гардидем, ки най мисли мавҷуди зинда — одам шикоят ва ҳикоят мекунад ва ӯ ба асли худ — найистон баргаштанист. Амонати Худо — рӯҳ низ аз пайкари най — Одам (ё ориф) берун омада, ба асли худ — биҳишт, ки вуҷуди Ҳақ он ҷост, баргаштанист. Ин буд натиҷагирии инҷониб аз се қатраи як баҳри бекарон — «Маснавии маънавӣ».   

А. СУБҲОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: