НАҶОТБАХШОНИ ҚАЛБҲОИ ХАСТА

Моҳи майи соли гузашта фармони сарвари давлат «Дар бораи чораҳои инкишоф додан ва беҳтар намудани хидмати гематологӣ ва онкологӣ ба аҳолӣ» интишор ёфт.

Зеро саратон, аз бемориҳои хавфнок ва душвортабобат буда, мувофиқи маълумоти омор аз ҳар 100 ҳазор 140-150 нафар ба ин хастагӣ гирифторанд. 
Танҳо дар вилояти Самарқанд 9710 нафар дар рӯйхати беморони онкологӣ ҳастанд. 
«Самарқанд – маркази табобат»

Сокини ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон Самад Қаҳҳоров баъди ташхис огоҳӣ ёфт, ки бемори саратон аст. Вай ба гирдоби хаёлот ғӯтид ва ба мақоли «пеши табиб нарав, назди корафтода рав» амал карда, аз корафтодагон маслиҳат пурсид.
– Самарқанд – маркази табобат, – гуфтанд ба ӯ аксар шифокорони ҳамзабону ҳамдил. Аз ҳама муҳимаш, шифохонаҳои ин ҷо ҳам бо асбобҳои замонавии табобатӣ таъмин. 
Самад ба шуъбаи вилоятии маркази махсуси илмию амалии онкология ва радиологияи Ӯзбекистон омаду дид, ки дар ҳақиқат он ҷавобгӯйи андозаҳои ҷаҳонист. Ҷамоаи дилсӯзу ҳозирҷавоб дорад. 
– Шунидан кай бувад монанди дидан, – гуфтаанд, – лаб ба сухан кушод Самад Қаҳҳоров. – Бовар кунед, ин ҷо аз гумон кардаи ман ҳам беҳтару хубтар буд. Дар тӯли се сол панҷ маротиба нур гирифтам ва саломатиам беҳтар шуд. Аз фурсат истифода бурда, тавассути рӯзномаатон ба ҷамоаи аҳлу тифоқи шифохона миннатдории самимона изҳор мекунам.
– Аз номи ман ҳам як олам сипос, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд шаҳрванди Панҷакент Раҳмонбобо Раҳмонов, – дар ин ҷо чанд нафар ҷияну хешу ақрабои камина низ табобати беминнату табъи дил гирифтаанд. Самарқанд на танҳо Сайқали рӯйи Замин, балки дармонгоҳи бемории хавфноки саратон ҳам аст.

Балогардон – 
аз саратон

Саратон – калимаи арабӣ буда, маънои луғавии он харчанг аст, онро реши равон, ҳазорреша низ меноманд. 
– Мо — табибон бо тақозои касб ва барои пешгирии бемориҳои онкологӣ бештар дар байни мардум мешавем, – мегӯяд директори шуъбаи вилоятии маркази махсуси тиббии илмию амалии онкология ва радиологияи ҷумҳурӣ Фирдавс Ӯлмасов. – Аз мо мепурсанд, ки бемории мазкур чӣ гуна пайдо мешавад? Дар асари машҳури аллома Ибни Сино «Ал-қонун» дар бораи ин хастагӣ низ сухан меравад. Аломатҳои клиникии саратон гуногун буда, ба синну соли бемор ва ҷойгиршавии дараҷаи паҳншавии он вобаста аст. Беморӣ ноаён оғоз меёбад ва гирифтори он харобу лоғар мешавад, аз иштиҳо мемонад, месурфад ва ниҳоят бистарӣ мешавад. Мувофиқи маълумотҳои дақиқ, агар дар шахсони то 30-сола ин касалӣ аз ҳазор дар 7-8 нафар бемор мушоҳида шавад, ин нишондиҳанда дар ашхоси аз 60-сола боло чаҳор баробар зиёдтар аст. Солҳои охир саратони шуш, меъда, гарданаи бачадон, ғадуди сина, пардаҳои луобию пӯст афзудааст. 
Ҳуҷайраҳои омосовар аз насл ба насл мегузаранд ва аз тариқи лимфаю хун ба узвҳои дигар паҳн шуда, онҳоро иллатнок мекунанд. 
Бояд гуфт, ки решаи ин маризӣ аз пурхӯрӣ, беист шаробнӯшӣ, носу тамокукашӣ ва сари вақт аз ташхиси табибону мутахассисон нагузаштан аст. Фаромӯш накунем, ки тарбияи ҷисмонӣ ҳамеша гарави саломатист.
Мо дар асоси фармони Президент ба пешгирии ин бемории хавфнок диққати ҷиддӣ медиҳем. Барои қариб чаҳор миллион аҳолии вилояти Самарқанд 175 нафар табибон хидмати беминнат мерасонанд. Лекин афсӯс, ки аксарият нисбати саломатии хеш мутлақо бепарво ҳастанду баъди кор аз кор гузаштан ба шифокор муроҷиат мекунанд.

Нури шифобахш

Соли 1966 бинои шифохона дар як гӯшаи шаҳри Самарқанд қад афрохт ва бо гузашти айём васеъ шуд. Ҳоло муолиҷагоҳ 175 кат дошта, дар он шуъбаҳои онкологияи умумӣ, радиология, химиотерапия, саратони репродуктив ва ғайра, ки бо асбобҳои замонавӣ  муҷаҳҳаз мебошанд, амал мекунанд.
Дар асоси фармони Президент ҳудуди табобатхона аз ҳисоби собиқ таваллудхонаи рақами савум, ки ба дигар манзил кӯчид, васеътар гардид. Муолиҷагоҳ боғи дарахтони меваноку сӯзанбарг, манзараи аҷибу дилфиреб дорад. Кас худро гӯё дар бешазори сабзу хуррам тасаввур мекунад.
Шуъбаи химиятерапия дар собиқ бинои табобатхона ҷой гирифтааст, дар он ҷо ғайр аз беморони самарқандӣ, хориҷиён ҳам ба дарди худ шифо меёбанд.
Ҳангоме ки мо ба бино ворид шудем, мудири он Лутфулло Ёров бо таҷрибаомӯзон аз Покистон донишҷӯёни Донишкадаи тиббиёти Самарқанд Фармоншоҳ ва Муҳаммадҳасан суҳбат мекард.
– Афсӯс, ки дар байни занон саратони ғадуди сина афзуда истодааст, – гуфт мудир. – Қабл аз ҷарроҳӣ мо бо нур пеши ривоҷёбии бемориро мегирем. Хушбахтона, солҳои охир аз хориҷа асбобу ускунаҳои гаронбаҳои замонавӣ оварда шуданд. Дар натиҷа ҳолатҳои нохуш кам гардид. Агар пештар беморон баъди табобат бо дорувор ва ҷарроҳӣ 4-5 сол умр бинанд, ҳоло ба туфайли нуротерапия умри онҳо дарозтар мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки унвонҷӯ Лутфулло Ёров беш аз 10 сол боз мудири шуъба буда, ҳоло таҳти роҳбарии директори Маркази махсуси тиббии илмию амалии онкология ва радиологияи ҷумҳурӣ, профессор Мирҷалол Ҷӯраев дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ аст.
– Барои ман ба халқ хидмат кардан бахти бузург аст. Ҳамкасбонам шифокорон – Тоҳир Ризоев, Шуҳрат Усмонов, Шоира Абдурасулова, ҳамшираҳо Мадина Умарова, Назира Сафарова, Дурдона Ҳазратова, Гӯзал Хайруллоева, Азиза Исматова ва дигарон бо кордонӣ ва дилбастагӣ ба касби худ сазовори эҳтироми мизоҷон мешаванд, – мегӯяд Ёров. 
Ростӣ, ҳангоми ба шифохонаи табобати бемориҳои онкологӣ омадану бо хастагони ин касалӣ рӯ ба рӯ шудан вуҷуди касро ҳиссиёти ногувор фаро мегирад. Зеро медонед, ки оқибати ин маризӣ нохуш аст.
– Барои пешгирии беморӣ корҳои тарғиботӣ лозим. Академик-ҷарроҳ Николай Пирогов башорат карда буд, ки тибби оянда – кафили пешгирии ин беморист. Масалан, дар Ҷопон мардум дар ҳар шаш моҳ як бор аз ташхиси ҳаматарафа мегузаранд. Мо бошем, то аҳволамон бад нашавад, назди шифокор намеравем. Ҳол он ки дар поликлиникаи мо ташхис ройгон аст. Муҳим аст, ки ба таҳлука наафтода, бо иродаи матину қадами қатъӣ назди табиб равем ва аз назорат гузарем. Охир «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд, – гуфт Ёров.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.
Аксбардор: 
Баҳодури ЗОҲИР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: