“Наҷот – дар таълим, наҷот – дар тарбия, наҷот – дар дониш”, фармудаанд бобоёни маърифатпарвари мо.
Вақте ки ин суханҳо аз забони Президенти кишвар садо дод, маро ҳамчун омӯзгор ва раҳбари як мактаб ҳисси ифтихор фаро гирифт. Воқеан, наҷоти ҷомеаи мо ба ин се рукни ба ҳам алоқаманд сахт вобаста аст. Таълим дар дасти муаллими бадониш аст. Тарбият аз оила оғоз ёфта, дар боғчаву дабистон шакл мегирад. Дониш натиҷаи заҳмати омӯзгорон мебошад, ки тӯли солҳо ба шогирдон омӯзондаанд. Дар ҳар се зина нақши омӯзгор ба таври хоно намудор аст. Бе ширкати омӯзгор наҷоти ҷомеа аз бунбаст муяссар намегардад. Ин аст, ки солҳои охир кишварамон бо роҳбарии Шавкат Мирзиёев муаллимонро аз вартаи ноумедиҳо раҳонда, дар соҳаи таълим ислоҳоти куллиеро роҳандозӣ намуд. Тибқи он мақоми омӯзгор боло бурда шуд. Хоса, муаллимон аз ҳар гуна сарбориҳо, ба мисли иштирок дар ғунучини пахта, ҳашар, коғазбозиҳои вақткушак... озод шуданд, ки ба кори маориф халал мерасонданд. Аз касе пинҳон нест, ки як замон муаллимон ба таври дарозмуддат ба ғунучини пахта сафарбар мегардиданд ва ҳар моҳ ба ҳисоби миёна аз 80 соат машғулоти дарсӣ маҳрум мемонданд. Агар он корҳо ба ду моҳу се моҳ тӯл кашанд, худ қазоват кунед, ки соҳаи таълим чӣ миқдор зиён медид. Натиҷаи ислоҳот дар соҳаи мактабу маориф буд, ки ба чунин корҳои бебунёд ва куллан бар зиёни ҷомеа хотима дода шуд. Ба маоши омӯзгорон низ чандин карат афзуданд, ки ин раванд обрӯи омӯзгоронро дар байни намояндагони касбу кори гуногун баланд бурд. Ин тавр, муаллимони хубу иқтидорманд, ки аз пастии миқдори маош рӯҳафтода шуда, тарки ин соҳа намуда буданд, дубора ба корҷойҳои худ баргаштанд. Назар ба маълумоти омор, дар саросари кишвар 15 ҳазор муаллимони мардина дубора ба мактаб баргашта, имрӯз ба таълиму тарбия машғуланд. Ин ҳама ҳамон натиҷаи ислоҳоте аст, ки дар чанд соли охир раҳбари давлати мо роҳандозӣ сохт.
“Ба ҳамаи мо равшан аст, ки санги меҳварии рушд ва неруе, ки кишварро тавоно ва миллатро бузург мегардонад, илму маориф ва тарбия аст. Фардои мо ва ояндаи дурахшони кишвар ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияе, ки мо ба фарзандонамон медиҳем, зич алоқаманд аст”, – барҳақ гуфтааст Президент. Ҳаёти имрӯзаро бе пешрафти маориф тасаввур кардан кори душворест. Боиси рушди давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳам эътибор ба илму маориф будааст. Ҳаётан муҳим будани таълиму тарбия ва дониши воло аз назари роҳбари давлат дур намонда, таълим, тарбия, дониш – ин се рукнро асоси пешрафтҳо ва наҷот медонад.
Акнун Вазорати маорифи халқи ҷумҳуриро зарур аст, ки дар қатори мактабҳои дигар ба макотиби таълимашон тоҷикӣ низ эътибори ҷиддӣ диҳад. Соатҳои дарсии фанҳои забон ва адабиёти тоҷикро, ки ба таври ҳисшаванда ихтисор карда шуданд, дубора барқарор созад. Ин тақозои мо ва замон аст! Охир, дар тарбияи насли наврас маҳз адабиёт, ки моҳияташ омӯхтани одобу ахлоқи ҳамида аст, бештар таъсиргузор мебошад. Ниёкони бошарафи мо дар қатори улуми дигар забон ва адабиётро бештар меомӯхтанд. Ин фанҳо ба рушди тафаккур ва ҷаҳонбинии кас мусоидат мекунанд. Умедворем, ки аз назари мутасаддиёни соҳа ин нуктаи басо муҳим ва ҳаётан зарур дур намемонад.
Сарвари мамлакат соли 2023-ро “Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат” эълон намуд. Боз ҳам ба таълим такя намудани роҳбари давлат аз он далолат медиҳад, ки эҳёи Ӯзбекистони Нав аз рушди ин соҳа, сифатан такмил ёфтани таълим сахт вобаста аст.
Фирдавс ҶӮРАЕВ,
директори мактаби рақами 88-уми
ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё.