«НАКӮХОҲУ БА КАС РОҲАТРАСОН БОШ...»

Иттифоқ афтод, ки рӯзе яке аз дӯстонам дар бораи Юлдузхон Нишонова ном зан хеле боҳарорат ҳарф зад.

Ба гуфтаи ӯ ин занро хурду калони деҳаи Сариканда мешиносанд. Юлдузхон дар баробари он ки зани оддии деҳотист, хеле серғайрату серкор низ будааст. Муҳимтар аз ҳамаи ин, вай зане будааст, ки ба як кӯчаи маҳаллаашон  шағал рехта, мумфарш мекардааст. 
 Аз раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ҳазрати Алӣ» Субҳоналӣ Нишонов пурсидам, ки оё дар маҳаллаашон одамони саховатманд низ ҳастанд, ки дар обод намудани маҳалла ҳиссаи худро мегузоранд.
– Шояд шумо апаи Юлдузхонро дар назар доред? Он кас бо як иқдоми наҷиби худ ҳамаро дар ҳайрат гузоштанд, – гуфт Субҳоналӣ ва афзуд: – Аммо аҷибаш ҳамин аст, ки ҳавлии он касро рафта бинед, ҳайрон мешавед, ҳама ҷо титу валангор, чаҳор тараф хокрӯба, чӯбу тахта паҳну парешон. Ҳамаи инро монда, апаи Юлдузхон ба ҳамвору мумфарш кардани роҳи маҳаллаашон пардохтаанд. 
Дарвоқеъ, аз ин суханони раиси маҳалла оташи зудтар дидану суҳбат бо Юлдузхон Нишонова дар сарам аланга зад. Чандон боварам намеомад, ки як зани пулдори деҳотӣ ба ҷои он ки ҳавлии худро саришта намояду хонаи бошукӯҳ созад, барои ҳамвору мумфарш кардани роҳи маҳаллаашон маблағи зиёд сарф мекунад.
– Ҳавлии он кас дар куҷост? Мешавад, ки равему он касро бинем? – пурсидам аз Субҳоналӣ.
– Хеле хуб мешавад, – посух дод ӯ.
Вақте аз идораи ҷамоат баромадем, роҳи васеъ ва мумфарши деҳро пас гузошта, вориди яке аз кӯчаҳои нисбатан камарзи маҳалла шудем. Дар ҳақиқат, ин кӯчаро навакак шағал рехта буданд. Гумон кардам, ки ҳавлии Юлдузхон Нишонова дар наздикиҳои роҳи  калон воқеъ гаштааст, вале мошин моро хеле дур аз роҳи калон ба даруни он маҳалла мебурд. 
– Имрӯз ё пагоҳ ин кӯча сар то охир мумфарш мегардад, – роҳравон шарҳ дод раиси маҳалла.
Тахминан дар масофаи панҷсад метр мошини мо қарор гирифт ва назди дарвозаи калон аз мошин фаромадем.
– Ана ҳамин ҳавлии апаи Юлдузхон – гуфт Субҳоналӣ Нишонов ва маро ба дарун роҳбаладӣ намуд. Рӯи кати миёни ҳавлӣ чанд нафар ҷавонмардон хӯроки нисфирӯзӣ тановул мекарданд. Онҳо устоҳои дуредгар будаанд. 
Як тараф хонаҳои кӯҳнаро вайрон карда буданд ва чӯбу тахтаҳои он паҳну парешон мехобид. Дар қисмати дигари ҳавлӣ ду-се мошин хишти пухта рехта буданд. 
Ба истиқболи мо зани миёнақади газгӯшт баромад.
– Биёед, меҳмони азиз. Хуш омадед! Аммо ин ҳолати моро дида ҳайрон нашавед. Ҳамин кори сохтмон гуфта ҳамаро ба фатарот табдил додем, – гуфт ӯ. 
Рӯ ба рӯям ҳамон Юлдузхон Нишонова меистод, ки ба гуфтаи раиси маҳалла, кори чанд мардро бар дӯш дорад.
Рӯйи ҳавлӣ суҳбатамон оғоз ёфт. Вай 72 сол доштааст. Соли 1965 мактаби рақами 1-ро хатм намудааст ва домулло Турдӣ Нишон, ки солҳои зиёд дар мактаби деҳ вазифаи директориро анҷом додааст, вайро ба бародараш – Тошкандбой арӯс карда фаровардааст. Баъд онҳо соҳиби 7 писару духтар шудаанд. Баъди сари шавҳар низ фарзандонро хонаву ҷойдор кардааст. Ду келину бист набера доштааст.
– Ҳамин писари хурдӣ неву нестон карда намонд, ки вайро хонадор кунам. Зангирӣ гурехта намерафтааст! Охир, одамӣ имрӯз ҳаст, пагоҳ нест. “Биё, аввал туро хонадор кунем” гӯям, розӣ нашуд.  Акнун аввал хонаро месозему баъд ба тӯй омодагӣ мегирем, – гуфт апаи Юлдузхон.
Ба гуфтаи ӯ дар маҷмӯъ 52 сол меҳнат кардааст. Аз ин 25 соли умрашро ба кирмакпарварӣ бахшидааст ва аз як қуттӣ то 130 кило пилла рӯёндааст. Се маротиба депутати шӯрои деҳа интихоб шудааст. Ҳоло 500 ҳазор сӯм нафақа мегирад. Ба далели ногувории шароити хонаводагӣ натавонистааст, ки аз се писар якеро дар донишгоҳ хононад.
– Ҳар се писарам боақлу гапдароянд. Худованд умрашонро зиёда гардонад. Онҳо муттаҳидона кор мекунанду маблағ ҷамъ меоваранд. Зиндагиашон низ хуб аст. Дуруст аст, ки мо ҳатто велосипед ҳам надорем. Аммо ин чандон муҳим нест. Агар Яздони пок баракати кори инсонро диҳад, кам намешавад. 
Кас ба кори баъзе одамон ҳайрон мемонад. Зеро онҳо мегуфтаанд, ки апаи Юлдузхон аввал хонаву дарашро ба тартиб оварад, келин фарорад, сонӣ ба корҳои обод намудани деҳа пул сарф кунад. 
Охир ин корҳоро Худованд ба дили ману писаронам андохтааст. Мо ҳаргиз худро ба мардум нишон доданӣ нестем. Писаронам –  Ғуломҷон, Эркинҷон ва Толибҷон ҳамеша аз пайи меҳнати ҳалоланд. Онҳо ба ду боғчаи кӯдакони деҳ мунтазам кӯмакҳои молӣ мерасонанд, дар ободонии қабристони деҳа ва масҷид дасти пурсаховати худро дароз намуданд, – изҳор кард бо фахр апаи Юлдузхон.
Вай афзуд, ки духтаронаш – Муниса, Ҳанифа, Мақсуда ва Ҳамида  машғули кору зиндагии худ мебошанд. Раиси ҷамоат низ тасдиқ намуд, ки онҳо аз оилаҳои намунавии маҳаллаашон ҳисоб меёбанд. 
– Солҳои таҳсил дар мактаб аълочӣ будам. Аммо шароити он солҳо чунин буд, ки таҳсил дар донишгоҳро ҳатто ба гӯшаи хаёл намеовардем. Хотираам панд надиҳад, аз ҳамон солҳои мактабхонӣ ин байт дар ёдам нақш бастааст:
Беҳин коре, ки андар зиндагонист, 
Накӯхоҳӣ ба кас роҳатрасонист.
– Ин байт ба Носири Хусрави Қубодиёнӣ тааллуқ дорад.
– Бале, ба ёдам расид. Дуруст мегӯед. Боз чанд байти ин шеър дар бораи накӯкорӣ буд. Ҳамту не?
– Бале, – гуфтаму давоми ин шеърро барояш хондам:
Ту гар тавфиқ дорӣ ҳам, бар он бош,
Накӯхоҳу ба кас роҳатрасон бош.
Илоҷи дардмандон кун ба ҳар дард,
Ки ҳар кас к-ӯ ҷароҳат кард, бад кард, 
Ҳамеша некхоҳи мардумон бош,
Ба сахтӣ чораи бечорагон бош...
Ин замон ба ҳавлӣ шахсе даромада омад. Вай ҳамсояи апаи Юлдузхон – Раҳматҷон Аҳмадов будааст. Вақте донист, ки мақсади мо чист, хурсанд шуд ва  дар тавсифи Юлдузхон Нишонова чунин сухан оғоз кард:
– Ин апаи мо аҷаб фазилатҳои хуби инсонӣ доранд. Дар корҳои маҳаллаамон сару баранд. Ман фахр мекунам, ки бо ин гуна зани ҳалиму хоксор ҳамсояи рӯ ба рӯ мебошам. Кош, теъдоди чунин занҳои некӯсиришт ва меҳнатӣ дар маҳаллаамон зиёд мешуд. Апаи Юлдузхон тӯю маросимҳои худро низ бидуни дабдаба ва хеле омиёна мегузаронанд.
Мо ҳавлии апаи Юлдузхон Нишоноваро бо табъи болида тарк кардем. Дар симои апаи Юлдузхон тимсоли занеро дарёфтам, ки ҳам худаш дар деги калони меҳнати ҳалол ҷӯшидааст ва ҳам фарзандонашро дар ҳамин роҳ парвардаву ба камол расонидааст. Ҷои иштибоҳ нест, ки кору рафтор ва гуфтори ин бонуи солхӯрда барои занҳои зиёд метавонад намунаи ибрат ва пайравӣ бошад.
  
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: