НАМАНГОНИЁН ДАР ШОҲСУФАИ ҒОЛИБОН

Дар шаҳри Фарғона байни наврасони соли таваллудашон 2006 аз рӯйи футбол чемпионати Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар талошу баҳсҳо аз Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва дигар вилоятҳои мамлакатамон наврасон иштирок намуданд. 
Дар мусобиқаи финалӣ футболбозони навраси вилоятҳои Андиҷон ва Намангон вохӯрданд. Ҷамоаи Намангон маҳорат нишон дода, ба ҳисоби 1:0 ғолиб омада, ба унвони чемпиони Ӯзбекистон сазовор гашт. 
Ба муваффақияти футболбозони вилояти Намангон саҳми мураббиён Дониёр Ғаниев, Маҳкам Собиров, Шавкатҷон Ғозиевҳо калон аст.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: