НАМЕЁБАМ БА ҶУСТАН ДАР ЗАМИНАТ...

Марг қазои ҳатмиву ҳукми худоӣ аст, ки ба сари ҳар як инсон меояд.

Марг қазои ҳатмиву ҳукми худоӣ аст, ки ба сари ҳар як инсон меояд. То дами марг як дами кӯтоҳ аст ё дароз. Аз ин дам ҳар кас ҳар хел истифода мебарад. Баъзеҳо умри дарози беҳосил бинанд, гурӯҳе замони кӯтоҳ ба ҷаҳон мешаванд, вале аз худ номи нек мемонанд, амалҳои хайр мекунанд ва ба девори дили мардум нақше мегузоранд. Парвинҷон Пардаев низ аз зумраи чунин инсонҳост, ки умри кӯтоҳ дида бошад ҳам, ба дилу дидаи мардум, ҳамкасбон ва шогирдони худ роҳ ёфта буд. Ӯ табиатан ҷавони ботамкин, меҳрубон, нармгуфтор, хандонрӯ ва боиродаву меҳнатқарин буд ва то ҳол аҳли деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато чунин хислатҳои ҳамидаи ӯро ҳар дам ба ёд меоранд. 

Шаш соли интизорӣ

Зиндагӣ имтиҳоноти зиёд дорад, ки Офаридгор бандаҳои худро бо ин ё он мушкилот месанҷад. Тӯйбой ва Чамангул ҳам аз солҳои аввали оиладорӣ ба имтиҳоноти сахти рӯзгор рӯ ба рӯ шуданд. Аз тӯйи никоҳии онҳо панҷ сол гузашта буд, аммо фарзанд надоштанд. Кадбонуи хонадон Чамангул бисёр ғам мехӯрд, азият мекашид. Шавҳараш Тӯйбой, ки худ марди камгапу вазнин буд, доим ӯро дастгирӣ мекард, ба дили навмеди ҳамсар умед мебахшид ва такрор мегуфт, ки ин имтиҳони зиндагиро сарбаландона пушти сар мекунанд ва соҳиби фарзанд мегарданд. Танҳо сабр бояд кард. 
Рӯзе Чамангул аз кӯҳ бармегашт. Дилаш саршори ғам буд ва хаёлоти дилхиракунанда лаҳзае вайро ором намегузошт. Ҳар боре, ки фарзанддор шудани арӯсони ҳамдеҳаро фаҳмад, аз таҳти дил хурсанд мешуд ва аз Офаридгор илтиҷо мекард, ки ӯро ҳам аз ин неъмати бебаҳо бенасиб нагардонад, ба нохуни фарзанд зор накунад. Гоҳо эҳсоси ноумедӣ саросари ҳастияшро фаро мегирифт. Дар ниҳод меандешид, ки агар соҳиби фарзанд нашаванд, ҳаёташ чӣ мешавад? Чӣ тавр зиндагӣ мекунад? Фирефтаи чунин хаёлот меомад, ки момои Ҷумъагул ӯро дида, ду-се бор номашро ба забон гирифт. Дид, ки Чамангул аз ғояти парешонӣ ӯро намефаҳмад, овозашро баланд кард: 
– Ҳа, Чамангул, поят дар замину хаёлат дар куҷо?
Чамангул аз гирдоби фикрҳо раҳо гардида, рӯй ба пиразан овард ва узр хост. Момои Ҷумъагул зани пурдидаву рамузфаҳм буд ва дарк кард, ки Чамангулро дарде нороҳат мекунад ва он ҳам аён буд: бефарзандӣ.
– Ман ҳам баъди тӯй қариб панҷ сол фарзанддор нашудам, – пас аз ҳолпурсӣ ба мақсад гузашт момои Ҷумъагул. – Дунё ба назарам торик менамуд. Аммо ноумед нашудам. Бовар кун, шабҳо болинамро аз ашк тар карда, аз Худо илтиҷо мекардам, ки маро аз бахти бузурги модарӣ бенасиб нагардонад. Ҳеч вақт ноумед нашав, духтарам. Поёни шаби сиёҳ сафед аст. Босабру қавиирода бош. Худо хоҳад, албатта, соҳиби кӯдак мешавӣ. Аз Худо пурс. Офаридгор ҳеҷ вақт бандаҳояшро ноумед намекунад. 
Чамангул баъди ин сӯҳбат аксар шабҳоро бо гиря саҳар мекард. Дар дилаш умеде шӯъла зада буд ва ба пиндораш агар гиря карда, болинашро тар кунад, Худо ба коми дилаш мерасонад...
Ниҳоят пас аз шаш соли интизорӣ Худо ба доди дили зани муштипар ва марди умедвор расид. Дарахти сабр борвар гардид...
Роҳ ба сӯйи камолот

9-уми августи соли 1991 дар хонаводаи онҳо тифл ба дунё омад. Тӯйбой ва Чамангул дер боз барои фарзанди худ номи муносиб меҷустанд ва бо умеде, ки нахустин шоҳписар ситораи дурахшони осмони Ватан бошад ва ҷавони соҳибобрӯйи кӯҳпояи Нурато гардад, ба ӯ Парвин ном монданд.
Тифли нозпарварди падару модар зери парастории волидон камол меёфт. Агарчӣ фарзанди нахустин буд, волидон дар тарбияи ӯ сахтгир буданд. Ҳар гоҳ падараш Тӯйбой Тӯев аз мактаб бозгардад, Парвин ҷузвдони қиблагоҳро ба даст гирифта, ба ӯ тақлид мекард. Ба хоҳарони худ “дарс” мегузашт.
Солу моҳҳо мегузаштанд. Парвин ҳафтсола шуд ва рӯзи аввали мактабравӣ барвақт аз хоб хеста, либосҳои нави мактабиро пӯшиду ҳамроҳи падар мактаб рафт... 
Парвин дар давоми солҳои 2009-2013 дар донишгоҳ таҳсили илм намуда, соли 2013 дар боргоҳи таълимгирифтаи худ – мактаби таълими умумии рақами 43 ба ҳайси омӯзгор ба фаъолият сар кард. 

Зиндагӣ бо орзу ширин бувад...

Парвин ҳамчун омӯзгор ҳар як соати дарсро бо меҳр мегузаронд ва хонандагонро фарзандвор дӯст медошт. Дар дил орзуҳои зиёд дошт. Доим ба волидон мегуфт, ки хонаҳоро аз нав таъмир мекунем. Аз шаҳр хона мехарем. Худо хоҳад, додарамро ҳам дар донишгоҳ мехононем. 
Парвин издивоҷ кард. Падару модар, ки дер боз дар ҷомаи домодӣ дидани писари худро орзу мекарданд, ба муроди дил расиданд. 

Дар як рӯзи тирамоҳ

Аз чӣ сабаб бошад, Парвин ҳар замон худро беҳол эҳсос мекард. Аввал фикр кард, ки дард гузарост. Аммо он торафт пурзӯртар мегардид. Рӯзе ба падараш дар бораи беҳолии худ лаб кушод. Барои ташхис ҳамроҳ шифохонаи шаҳр рафтанд ва шифокорон ба Тошканд роҳхат доданд...    
Рӯз то рӯз беҳолу бемадор мешуд. Шифокорони Тошканд гуфтанд, ки Парвинро бояд зуд ҷарроҳӣ кард. 
Азбаски арӯси хонадон обистан ва моҳи таваллуди кӯдак фаро расида буд, Парвин доим парешонхотир мегашт. Худ дар шифохонаю хаёлаш дар деҳа буд. 
Субҳе Чамангул ба Парвин занг зада: 
– Парвинҷон, шодиёна те, – гуфт хушҳолона. 
– Чӣ шуд модарҷон? Чӣ гап? – саросема пурсид Парвин.
– Писардор шудӣ. Аҳволи келин ҳам, саломатии писарчаат ҳам нағз. 
Дар дидагони Парвин ашк ҳалқа зад ва бо овози ларзон гуфт: 
– Ба шумо ҳам набераи аввалин муборак бошад, очаҷон.
Ҳамин дам гурӯҳи шифокорон ҳамроҳи падараш даромада, Парвинро ба хонаи ҷарроҳӣ бурданд. Пеш аз амалиёт наркоз дода, сардухтур ӯро ба савол мегирад. 
– Хӯш, додар чӣ гапу чӣ навигарӣ? 
– Ман имрӯз хушбахтам, амак, – дар ҳолати бехудӣ мегӯяд Парвин. 
– Не-е? Чӣ шуд? 
– Имрӯз падар шудам. Писарчадор шудам... 
Аҳли хонавода бо сад умед ба набераи аввалин Дилшодбек ном мегузоранд.
Дунё гузаргоҳ аст...

Пас аз ҷарроҳӣ низ Парвин комилан сиҳат намешавад. Падару модар чун мурғи посӯхта худро ба ҳар дару кӯ мезаданд. Бо шифокорони пешқадам маслиҳат мекарданд. Аз китобҳои тиббӣ дар бораи роҳҳои табобати беморӣ хонда, чора меҷустанд. Аммо саломатии Парвин рӯз то рӯз бад мешуд. 
Рӯзе модар машғули кор буд, ки арӯси хонадон бо чашми гирён аз хона баромад. Чамангул ҳайрон нигарист, “Писарам ҳеҷ ба келин сухани сахт намегуфт. Наход даст боло карда бошад?” дар ниҳодаш андешид.
– Ҳа келин, чӣ гап?  
– Писаратонро бинед, чӣ мегӯянд?  
– Чӣ мегӯяд? 
– Ман мурам, Дилшодбекро эҳтиёт кун, мегӯянд, – гирякунон гуфт арӯси хонадон.
Дили модар таҳ кашид. Лаҳзае пеши чашмонаш торик шуд. Тарсид, ки наход дарахти умри дилбандаш аз дами боди хазон бихушкад. Хона даромад. Писараш дар бистар мехобид. Дар пешаш нишасту оҳиста гуфт: 
– Парвинҷон, ба келин чӣ гуфтӣ? Чаро гиря мекунад? 
– Очаҷон, маро бубахшед. Ман ба шумо бисёр ғам додам, – сарашро дар сари зонуи модар монд. – Ҳеҷ вақт гиря накунед, очаҷон. Дар чашматон ашк набинам.
Чамангул гиря кард, аммо барои нороҳат нашудани писараш: 
– Ман гиря накардаам, – гуфт ва даст болои сари писараш гузошт. 
– Ҳа, гиря накунед. Ман садқаи оби чашмонатон шавам, очаҷон, – гиря кард Парвин. – Шумо аз ман чӣ дидед? Илтимос, маро бубахшед. Аз ман розӣ шавед. 
Модари бечора зор-зор мегирист. Бесадо мегирист. Хун мегирист. Медонист, ки олами имкон гузаргоҳ аст, иқоматгоҳ не. Аммо наход ҷигарбанди ӯ, ки бо ҳазор илтиҷо ва интизориҳо ба даст гирифта буд, зуд ӯро тарк кунад... 
– Тирамоҳ... Ин фаслро дӯст намедорам... Агарчи табиат ҷилои рангин мегирад ва ҷомаи заррин ба бар мекунад... Агарчи фасли ғунучин аст... Агарчи фасли босаховат ва мавсими дӯстдошта... Ман дӯст намедорам... Чунки тирамоҳ аз ман мадори танам, нури дидаам, ҷигаргӯшаам, тоҷи сарам, ситораи осмонам – Парвинамро ба як умр рабуд, – бо ашки шашқатор мегӯяд  модари ғамзада...
Чӣ будӣ, марг дар дунё набудӣ,
Ғаму дарди ҷудоиҳо набудӣ.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: