НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБ ДАР ТОШКАНД

Бо ибтикори Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ӯзбекистон дар маҷмӯаи намоишгоҳи миллии «Ӯзэкспомарказ»-и шаҳри Тошканд таҳти унвони «Tashkent Book Fest-2019» нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии китоб баргузор шуд.

Таъкид бояд кард, ки дар баргузории он ҳокимияти шаҳри Тошканд, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сармоя ва савдои хориҷӣ, фарҳангу варзиш, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, таълими халқ, ривоҷи инноватсионӣ, Китобхонаи миллии ба номи Алишери Навоӣ, Иттифоқи ҷавонони ҷумҳурӣ, кумитаҳои гумрук ва муносибатҳои байнимиллатҳо ва дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирон аз наздик ҳамкорӣ карданд.  Ин намоишгоҳ аз 2 то 4-уми октябр давом кард. Дар он бештар намояндагони бештар аз сӣ корхонаи интишоротии маҳаллӣ ва 18 корхонаи нашаротии хориҷӣ, мисли Русия, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Куриёи Ҷанубӣ, Бангладеш, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва амсоли он иштирок карданд. 
Дар маросими ифтитоҳи он директори Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ӯзбекистон Комил Алламҷонов таъкид намуд, ки роҳандозии ин гуна чорабиниҳо дар таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ хеле мусоидат хоҳад кард.
  Тавре ки вай тазаккур дод, тарғиби китоб ва мутолиаи он, пуштибонӣ аз мероси адабии давлатҳои иштирокчӣ ва ривоҷ додани он, ташаккул додани фарҳанги китобхонӣ, омӯхтани таҷрибаи саноати нашри китоби ҷаҳонӣ ва паҳнкунандагони он, барқарор намудани робитаҳои ҳамкорӣ дар ин бахш аз ҳадафҳои асосии баргузории ин намоишгоҳ-ярмаркаи нахустини байналмилалии Тошканд мебошад.
Дар чаҳорчӯбаи ин намоишгоҳ-ярмарка барномаҳои фарҳангӣ ва расмии рангоранг, аз ҷумла муаррифии китобҳои бадеӣ дар иштироки муаллифони он, тақдимоти китобҳои илмӣ-оммавӣ, дарсӣ, китобҳои гуногун барои кӯдакон, ҳамчунин рӯи саҳна овардани намоишномаҳои кӯтоҳи шавқовар ва амсоли он пиёда карда шуданд, ки ҳусни ин чорабиниро хеле бонуфуз гардонид.  
– Хушҳолам, ки дар ин намоишгоҳ-ярмаркаи нахустини байналмилалии китоб маросими муаррифии як китоби банда ба номи «Офтоби меҳр» низ баргузор гардид. Ин маросим хеле хуб гузашт. Ҳолати кунунии маро бешак шумо ба ҳайси хабарнигор дарк мекунед. Бигзор, чунин чорабиниҳо бештар роҳандозӣ шаванд ва мо, адибон дар он ҳарчи бештар бо асарҳои наву тозаи худ ширкат кунем, – гуфт Арбоби шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Ғафуров.
Дар ду рӯзи аввали намоиш-ярмарка маросими муаррифии китобҳои зиёд ба иштирокчиён таассуроти ғанӣ гузошт. Китобҳои «Моҳҳои аз сарамон сипаришуда» ва «Кулчаҳои модарам»-и Сироҷиддин Сайид, «Бигӯ, дӯстам, барои Ватан чӣ кардӣ»-и Иқбол Мирзо, «Як рӯз дар галактика»-и Саъдулло Қуронов, «Олам ва одам, дин ва илм»-и ҳазрати Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф, «Суруди шамолро гӯш кун»-и Харуки Мураками дар тарҷумаи Алишер Отабоев, «Тазкираи авлиёи азиз ва уламои Тӯронзамин»-и муаллифон Суюндуқ Мустафоев ва Муҳиддин Аблаев ва монанди он аз шумори ҳамин китобҳо мебошанд.
– Дар кишвари мо китобҳои гуногуни дарсӣ таҳия ва интишор мешаванд. Ҳоло таъмини мактабҳои таълимоти ҳамагоние, ки таълим ба забони тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ сурат мегиранд, хуб ба роҳ монда шудааст. Ин ҷо шумо намунаҳои китобҳои дарсиеро мебинед, ки барои синфҳои ибтидоӣ  ва болоии мактабҳои мо таълифу нашр шудаанд. Умедворем, ки дар оянда бо дӯстони ӯзбекистонии худ дар ин соҳа ҳамкориҳоямонро барқарор мекунем ва аз таҷрибаҳои ҳамдигар бархурдор мешавем, – мегӯяд директори генералии нашриёти «АRCUS»-и Қирғизистон Иван Фадин.
Дар рӯзи хотимавии намоишгоҳи нахустини китоб нашриёти «Янги аср» тақдимоти китобҳои «Қутадғу билиг»-и  Юсуф Хос Ҳоҷиб ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайёми Нишопуриро баргузор намуд. Баъд мардуми зиёд дар маросими муаррифии китобҳои «Ҷалолуддин Мангубердӣ –  тимсоли мардӣ ва ҷасорат»-и Ҷ. Раҳимов,  «Масъулияти сухан» ва «Бобурнома»-и Ваҳҳоб Раҳмон ширкат карданд. 
Ҳамзамон дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ бо ширкати хаттотони маъруф, ҳунармандон, рассомон, дизайнерҳо  таҳти унвони «Мастер-класс» якчанд дарсҳои намунавӣ низ гузаронида шуд. Роҳандозии савдои китоб мӯҷиби он гардид, ки одамон, хусусан ҷавонони зиёд китобҳои дилхоҳашонро ба нархи арзон харидорӣ кунанд. Як гурӯҳ кӯдакон аз шароити мусоид  бархурдор шуданд ва истеъдоди рассомии худро намоиш доданд. Онҳо бо истифода аз рангубори гуногуни ройгон суратҳои гуногун кашиданд. 
Як гурӯҳи доварон маҷмӯаи намоишгоҳи миллии «Ӯзэкспомарказ»-ро давр заданд ва растаи аз ҳама беҳтарини намоиши китобҳоро муайян карданд. Соҳибони ин растаҳо бо туҳфаҳои хотиравии гурӯҳи тадорукотии намоиш-ярмаркаи байналмилалии «Tashkent Book Fest-2019» сарфароз гардиданд.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: