НАМОИШГОҲИ БЕҲТАРИНИ МАМЛАКАТАМОН БАРГУЗОР ШУД

2—4 ноябри соли ҷорӣ дар маҷмӯи «Узэкспомарказ»-и пойтахт Намоишгоҳ – ярмаркаи байналхалқии китоб – «Tashkent Book Fest – 2022» баргузор шуд.

Чунин намоишгоҳ дар доираи стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав таҳти шиори «Миллати китобдӯст» бори сеюм гузаронида мешавад.
Директори Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президент Асадҷон Хӯҷаев, роҳбари фраксияи ҳизби демократии Ӯзбекистон «Миллий тикланиш» Алишер Қодиров, роҳбари Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов, раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид ба сухан баромада, оиди корҳои рушди сохтори матбаа ва табъу нашр гуфта гузаштанд.
Мақсади асосӣ аз баргузор намудани намоишгоҳ ба дараҷаи байналхалқӣ намоиш додани дастовардҳои соҳаи матбаа ва нашрияҳо, ба роҳ мондани ҳамкории чунин ташкилотҳо бо мутахассисони хориҷӣ, ба зинаи нави замонавӣ бардоштани соҳа ва пеш аз ҳама баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон ба китобхонӣ мебошад.
– Инсон то имрӯз чӣ гуна дастовардҳоро дар соҳаи илму фан ва фарҳангу маданият ба даст оварда бошад, ҳамааш туфайли китоб мебошад, – гуфт М. Ҳоҷиматов. – Сабаби асосии задухӯрду номуросоиҳои иҷтимоӣ дур шудан аз китоб мебошад. Дар офаридани як китоб заҳмати чандинсолаи эҷодкор ва садҳо нафар ходимон ниҳон аст, аммо ғизои маънавие, ки аз он мерасад, барои ҳар як инсон басанда аст.
–Ҳоло мо гувоҳи намоишгоҳи хубтарини мамлакатамон шуда истодаем, – гуфт Сироҷиддин Саййид. – Китоб ба дили ҳар як фард рушанӣ андохта метавонад. Ҳоло замоне мебошад, ки дар рушди маънавияти инсон «маданияти оммавӣ» соя меафканад. Аслиҳаҳое ихтироъ мешаванд, ки барои несту нобуд кардани ҷаҳониён пешбинӣ шудааст. Ва чӣ хушнудиест, ки дар мамлакати мо китобхонии оммавӣ тарғибу ташвиқ мешаванд.
Дар намоишгоҳ доир ба тарҷумаи китобҳои ӯзбекӣ ба забонҳои хориҷӣ ва баръакс, тарҷумаи асарҳои хориҷӣ ба забони давлатӣ шартномаҳо имзо гардид.
Дар намоишгоҳ – ярмарка мутахассисони соҳа аз Русия, Туркия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Англия, Беларус, Арманистон ва намояндагон аз ташкилотҳои савдои китоб ва хонаҳои табъу нашри хориҷӣ иштирок карданд.
Дар он беш аз 30 нашрияи хусусиву давлатӣ ва ташкилотҳои савдои китоби мамлакатамон низ иштирок карданд.
– То ин ҷашнвора ман ба Ӯзбекистон чандин маротиба омада будам, – гуфт президенти Иттифоқи китоби Русия Сергей Степашин. – Тошканд яке аз шаҳрҳои дӯстдоштаи ман аст. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ин шаҳр чандин шоиру нависандагонро ба оғӯш гирифт. Чандин китобҳои хуб дар ин ҷо ба чоп расиданд. Ба назди симои бузурги Навоӣ сар фуруд меорем. Беҳтарин тарҷумаи ашъори Пушкин низ ба забони ӯзбекӣ мебошад. Чунин дастовардҳо аз таҳаммулпазириву дарёдилии мардуматон. Мо ба намоишгоҳ бо ҳайати вакилони зиёд омадем. Ҳар як шахс бо китоб ошноӣ бояд дошта бошад. Шахсе, ки ба даст китоб намегирад, барои ҷамъият хавфовар аст.
Дар доираи намоишгоҳ муаррифии китобҳо, вохӯриву суҳбатҳои мизи мудаввар бо намояндагони аҳли адаб баргузор шуд.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: