НАМОИШГОҲИ МИЛЛИИ ТУРКМАНИСТОН ИСТИҚБОЛИ НАВИ ҲАМКОРИРО БОЗ МЕНАМОЯД

Дар доираи ташрифи давлатии Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба Ӯзбекистон дар Тошканд Намоишгоҳи миллии Туркманистон ба вуқӯъ пайваст. Дар он корхона, ширкат ва ташкилотҳои пешқадам, воҳидҳои бузурги соҳибкории мамлакати ҳамсоя маҳсулоту хидмат, технологияи пешқадами худро намоиш медиҳад.

Дар доираи ташрифи давлатии Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба Ӯзбекистон дар Тошканд Намоишгоҳи миллии Туркманистон ба вуқӯъ пайваст. Дар он корхона, ширкат ва ташкилотҳои пешқадам, воҳидҳои бузурги соҳибкории мамлакати ҳамсоя маҳсулоту хидмат, технологияи пешқадами худро намоиш медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба иштирокдорон ва меҳмонони Намоишгоҳи миллии Туркманистон паёми табрикӣ фиристод.
Дар маросими кушоиши намоишгоҳ паёми табрикии Президентро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н.Отаҷонов қироат кард.
Дар он гуфта мешавад, ки Ӯзбекистон ва Туркманистон шарики стратегӣ буда, моро риштаҳои қадимаи дӯстӣ ва некҳамсоягӣ, муштаракоти таърихӣ, динӣ ва забонӣ, маданӣ, расм ва анъанаҳо мустаҳкам пайванд намуда, имрӯз истиқболи бузург зимни робитаҳои муттасили алоқаҳои соҳибкорони байни қишрҳои тиҷорат ва дар доираи алоқаҳои байниминтақавии мустаҳкамшаванда кушода мешавад.
Вазири алоқаҳои иқтисодиёти беруна ва савдои Туркманистон Д.Ӯрозмуродов таъкид кард, ки Ӯзбекистон барои соҳибкорони Туркманистон шарики муҳими тиҷоративу иқтисодӣ ба шумор рафта, робитаҳои инкишофёбанда бо соҳибкорони мамлакатамон, ки аз тариқи он роҳҳои муҳими тиҷоратии Роҳи бузурги абрешим гузаштааст, дар шарикии муфиди тарафайн нақши муҳим доранд.
Ҳамкории Ӯзбекистону Туркманистон дар дараҷаи нав инкишоф меёбад. Зимни ин татбиқи якҷояи қарордодҳое, ки ҳангоми вохӯрии сарони ду давлат ба даст омадаанд, аҳамияти муҳимро моликанд.
Дар солҳои охир ҳаҷми савдои тарафайн ба таври назаррас афзуда, ҳамкориҳо дар ҷанбаҳои мухталифи иқтисодиёт фаъол гардиданд. Муоҳида ва қарордодҳое, ки дар моҳи гузашта бо дастгирии Президенти Туркманистон ҳангоми Намоишгоҳи саноатии Ӯзбекистон дар Ашқобод ба имзо расиданд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд.
Дар Намоишгоҳи миллии Туркманистон дастовардҳои ин мамлакат дар соҳаҳои нафту кимиё, бофандагӣ, саноати тиб, хоҷагии қишлоқ ва саноати озуқаворӣ, саноати масолеҳи сохтмон, ҷанбаҳои нақлиёт ва логистика, варзиш ва сайёҳӣ, илм, техника ва таълим ва ҳамчунин хидматрасониҳои гуногун намоиш дода мешаванд. Хусусан, боздидкунандагон ба қолинҳои туркман, дастовардҳо дар соҳаҳои моҳипарварӣ ва асппарварии зоти ахалтекин таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд.
Баҳри Каспий манбаи асосии соҳаи моҳидории Туркманистон ба шумор меравад. Дар ҳавзҳои ин мамлакат беш аз 50 намуди моҳӣ парвариш меёбад.
– Дар Туркманистон саноати азнавкоркарди моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ хуб инкишоф ёфтааст. Соҳибкорони мо ин маҳсулотро ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя содир менамоянд, – гуфт роҳбари шуъбаи Кумитаи давлатии саноати моҳидории Туркманистон Ғайир Ғайипов. – Дар намоишгоҳ соҳибкорони туркманистоние ширкат доранд, ки хоҳиши омӯхтани бозори Ӯзбекистон ва роҳандозии ҳамкориро доранд. Аз он ҷумла, мо таҷрибаи ҳамкасбони ӯзбекистониро доир ба истеҳсоли ашёи хом, таҷҳизоти зарфбандӣ барои соҳаи моҳидорӣ омӯхтан мехоҳем, бо технологияи нав хоҳиши шинос шудан дорем.
Бо пешниҳоди Президент Гурбангулӣ Бердимуҳамедов соли 2018 дар ин мамлакат зери шиори «Туркманистон – қалби Роҳи бузурги абрешим» мегузарад. Ба инкишофи сайёҳӣ эътибори зиёд дода мешавад. Дар намоишгоҳ вакилони Кумитаи давлатии сайёҳии Туркманистон низ иштирок доранд.
– Дар мамлакатамон кори доманфарох оид ба рушди сайёҳӣ ба амал татбиқ мегардад. Мо ҷойҳои беназири сайёҳиро дорем. Дар минтақаи миллии сайёҳии «Аваза» дар соҳили Каспий беш аз 200 меҳмонхона ва макони истироҳат вуҷуд дорад, – гуфт роҳбари шуъбаи Кумитаи давлатии Туркманистон оид ба сайёҳӣ Ислом Авезов. – Мо бо Ӯзбекистон чандин сол аст, ки дар соҳаи сайёҳӣ ҳамкорӣ менамоем. Дар солҳои охир дар ин замина натиҷаҳои хуб ба даст омадаанд. Имрӯз барои сайёҳҳони Аврупо, Осиёи Шарқӣ ва дигар минтақаҳо, ки аз тариқи Роҳи бузурги абрешим саёҳат кардан мехоҳанд, ба шаҳрҳои қадимаи Хоразм, Бухоро аз тариқи Туркманистон ва ҳамчунин ба мамлакати мо аз тариқи Ӯзбекистон саёҳат ташкил карда мешавад. Имрӯз ин робитаҳоро боз мехоҳем мустаҳкамтар намоем.
Интизорӣ меравад, ки дар поёни Намоишгоҳи миллии Туркманистон қарордодҳои байни корчаллонҳои ду мамлакат ба имзо расанд, ки ин барои минбаъд мустаҳкам намудани риштаҳои иқтисодӣ ва дӯстии байни халқҳои бародарамон хидмат менамояд.

Улуғбек АСРОРОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: