НАМОИШГОҲИ МУСАВВИРИ ТОҶИКИСТОНӢ

Узви конфедератсияҳои байналмилалии журналистон Шуҳратҷон Ёров дар рушди алоқаҳои фарҳангию ҳунарии Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳми арзанда дорад.

Соли 2008 бо супориши директори генералии муассисаи номбурда Олимҷон Акрамов ба Бухоро омада, сабти овози ансамбли «Мавригӣ»-ро ба Тоҷикистон бурд ва баъди як сол сафари ҳунарии ин ҷамоа дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба амал омад.
Ҳафтаи гузашта суратгир ба Самарқанди бостонӣ омада, тӯли се рӯз намоиши суратҳои худро ташкил намуд. Баъд Шуҳратҷон Ёров ҳамроҳи писараш Ориён ба Бухорои шариф ташриф овард. Намоиши суратҳои ҳунарманд дар осорхонаи санъати тасвирии шаҳр барпо гардид.
Лавҳаҳое, ки бо аккосии Ш.Ёров арзи вуҷуд кардаанд, аз ҷиҳати мавзӯъ гуногунанд. Аввалин намоишгоҳаш, ки соли 2006 дар «Кохи Ҷомӣ» созмон ёфтааст, ба 15-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Ҳамин тариқ намоишгоҳи суратҳои вай соли 2007 ба муносибати 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, соли 2008 дар Маркази мадании Бохтар, соли 2010 дар Маскав, Туркманистон, Белорус, соли 2012 дар Покистон ва ғайра баргузор шудаанд.
– Ҷамъи суратҳои гузошташуда 120-то, – эзоҳ дод муаллифи онҳо. 
Дар монитори алоҳида низ лавҳаҳо диққати ҳозиронро мекашиданд. Фурсате нагузашта тамошобинони зиёд ҷамъ омаданд. Онҳо суратҳо, вохӯриҳои дӯстонаи президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, иморатҳои пуршукӯҳи шаҳри Душанбе, майдону хиёбонҳо, манзараҳои пурҷозибаи табиати Тоҷикистон, Қалъаи Ҳисор, бонувони ҳунарманди тоҷик, санъаткорони тоҷику ӯзбек Ҷ.Муродов, Ш.Ҷӯраев ва ғайраро бо шавқ тамошо мекарданд.

А.АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: