Дар Тошканд намоишгоҳи саноатии байнисоҳавӣ баргузор гардид.
Чунин чорабинӣ бо ҳамкории Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати инвеститсия, саноат ва савдои ҷумҳурӣ ва ҳокимияти шаҳри Тошканд рӯйи кор омад.
Дар ярмаркаи имсола 4 ҳазору 600 корхона иштирок намуда, беш аз 6 ҳазор номгӯй маҳсулот ба намоиш гузошта шуд.
Ҷиҳати ба худ хоси ярмарка — на танҳо дастовардҳои мавҷуда, балки ба намоиш гузоштани лоиҳаҳои дарозмуҳлате буд, ки барои навсозии саноати Ӯзбекистон нигаронида шудаанд. Инчунин, лоиҳаҳое, ки баҳри рушди устувори мамлакат, кооператсияи саноат, баланд бардоштани иқтидори содирот ва офаридани ҷойҳои нави корӣ нигаронида шудаанд, аз намоишгоҳ ҷой гирифт.