НАМОИШИ АСАЛИ ТОЗА

ё худ давои сад дард

Аслан асали тозаро аз норасоии он бо як нигоҳ ҷудо кардан мушкил аст. Ҳангоме ки аз мутахассисони соҳа ё худ занбӯриасалпарварон аз ин хусус пурсон мешавед, онҳо маълумоти зиёдеро пешкаш мекунанд. Бинобар ақидаи онҳо, асал неъмати нодири табиат буда, дар таркиби он беш аз сад моддаи биологии ба организми инсон муфиду зарур мавҷуд. Вай баробари ширин будан, хусусиятҳои шифоӣ низ дорад. Барои ҳамин ҷамъоварии асал ва ба мардум пешкаш кардани он аз касбҳои муфид маҳсуб меёбад. Маълумоти зарурӣ пайдо кардан дар бораи ин муъҷизаи ноёб бешубҳа, барои одамон мароқангез мебошад. 
Намоишгоҳ-ярмаркаи «Ҷашни асал», ки аз аввали моҳи декабр то 10 декабр дар маркази «Ӯзкӯргазмасавдо»-и пойтахт баргузор гардид, дар ин самт нақши муҳим гузошт. Дар он беш аз 270 субъекти занбӯриасалпарварии миқёси ҷумҳурӣ ва мутахассисони соҳа ба саволҳои зиёди иштирокдорон ва шаҳрвандон ҷавобҳои муфассал доданд. 
Дар намоишгоҳ-ярмаркаи мазкур, ки бо ташаббуси бонки саҳҳомию тиҷоратии «Алоқабанк» ва Иттиҳоди занбӯриасалпарварони Ӯзбекистон бори дуюм ташкил гардид, ғайр аз маҳсулоти асал, асбобу таҷҳизоти зарурии соҳа, ҳамчунин, машваратҳои илмию амалӣ ва дарсҳои маҳорат баргузор шуданд. 
Дар мамлакати мо солҳои охир ба рушди ин соҳа эътибори махсус дода мешавад. Аз ҷумла, қарори Президент «Дар бораи чораҳои беш аз пеш инкишоф додани соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар ҷумҳурӣ» аз 16 октябри соли 2017 дар ин самт дастуруламали муҳим гардид. Мувофиқи ин қарор Иттиҳоди занбӯриасалпарварони Ӯзбекистон созмон ёфт, ки алҳол бобати таҳия кардани пойгоҳи меъёриву ҳуқуқии соҳаи асалпарварӣ, тайёр кардани дастур ва амалӣ сохтани онҳо, роҳандозии сиёсати ягонаи илмиву техникӣ, технологӣ, сармоя ва содирот, тайёр кардани кадрҳо ва истифодаи оқилона аз захираҳои мавҷудаи табиӣ корҳо амалӣ мешаванд. Бинобар таъкиди мутахассисон алҳол дар ин бобат корҳои зиёд татбиқ мешаванд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ дар марказҳои маъмурии сартосари кишвар фаъолияти иттиҳодияҳои минтақавии занбӯриасалпарварӣ роҳандозӣ шудаанд, ки бисёр мутахассисон ва занбӯриасалпарварони Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ба онҳо аъзо мебошанд. 
– Занбӯриасалпарварӣ мероси аҷдодии мост, ки аз падару бобоёнамон боқӣ мондааст, – мегӯяд занбӯриасалпарвари ҷавон Дилшод Нормуродов аз ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё. – Мо ба намоишгоҳ-ярмаркаи имрӯза асосан асалҳои навъи Сангардак, Боботоғ, пахта, Хонҷизаро овардем. Худи ман ин касбро хеле дӯст медорам, зеро занбури асал ва маҳсулоти он муъҷизаи ноёб аст. Мақсад аз иштирок дар намоишгоҳи мазкур ба аҳолии кишвар пешниҳод намудани хелҳои асал ва шиносоии бештар бо фаъолияти кории ҳамкасбон мебошад. Воқеан, асал – неъмати шифобахш аст. Инро мо бисёр хондаем ва медонем. Ба таъбири Абуалӣ ибни Сино «асал давои сад дард» аст. Аз ҷумла, асал, шираи он ва мум барои саломатӣ фоидаовар мебошанд. 
Тавре ки узви Иттиҳоди занбӯриасалпарварони вилояти Тошканд Холмат Тоиров мегӯяд, алҳол дар ҷумҳуриамон се намуди асал – пахта, кӯҳӣ ва саҳроӣ ҷамъоварӣ мешавад. Шояд дар баъзе ҳудудҳои кишвар навъҳои дигари он низ ба назар расанд. 80-90 фоизи занбӯриасалпарварон қуттиҳои занбӯри асали худро дар кӯҳистон, биёбон ва пахтазор мемонанд. Агар гиёҳҳои саҳроӣ дар гармӣ рӯянд, пахта дар ҳавои кушод нумӯъ мекунад. Асали кӯҳ бошад, нарм буда, дар соҳаи тиббиёт бештар ба сифати дорувор истифода мегардад.  
Ба ақидаи мутахассисони соҳа, занбӯри асал – дастёри шифокорон, ҳамкори деҳқон ва мадори ҳосил аст.  

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: