Намоиши китобҳои нави адибони тоҷик

1-уми июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба муносибати сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Навоӣ, намоиши китобҳои ҷадиди адибони тоҷик ва китобҳои тозанашри Президенти Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар намоиш сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбарони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, шоиру нависандагон, аҳли санъат ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Китобҳои тозанашри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фонди Китобхонаи миллии Ӯзбекистон тақдим гардид.
Дар намоиш нотиқон таъкид намуданд, ки вохӯрии мунтазами роҳбарони Ӯзбекистону Тоҷикистон ба таҳкими дӯстию шарикии стратегӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаи гуногун хидмат менамояд. 
Дар поёни чорабинӣ мушоираи шоирон баргузор шуд.
Намоиши мазкур як ҳафта идома хоҳад ёфт.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: