НАМОИШИ ОПЕРА ВА БАЛЕТҲОИ ДУНЁ ДАР ТОШКАНД

Ҷашнвораи V байналхалқии санъати опера ва балет таҳти унвони «Баҳори Тошканд – 2019» дар Театри калони давлатии академии ба номи Алишери Навоӣ кори худро бо операи афсонавии «Найрангҳои Майсара» оғоз намуд.

50 сол пеш аз ин мазҳакаи мазкур ҳамчун беҳтарин операи миллӣ шуморида шуда, имрӯзҳо он бо коркарди Артисти халқии Ӯзбекистон, роҳбари мусиқӣ Ҳайдаралӣ Қосимов ва Ходими хизматнишондодаи санъати Ӯзбекистон, дирижёр Фазлиддин Яқубҷонов боз ба намоиш гузошта шуд.
Дар барномаи фестивали мазкур шоҳасарҳои опера ва балети ҷаҳон, ки аз ҷониби тамошобинон асрҳо боз ба таҳсинҳо сазовор шудаанд, ҷой дода шудааст.
Вазорати маданияти Ӯзбекистон, Бунёди рушди маданият ва санъати назди вазорат, Театри калони давлатии академии ба номи А.Навоӣ, Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекнефтегаз» ва клуби «Театри дӯстон» ташкилкунандагони фестивал мебошанд.
Фестивал  нафақат вохӯрии санъаткорони машҳури кишварҳои гуногун, балки муайян намудани мавқеи ин санъат дар Ӯзбекистон ва ҳавасмандкунӣ ба комёбиҳои асарҳои мусиқавии Шарқу Ғарб мебошад.

Флораи ФАХРУДДИН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: