НАМОИШИ ОСОРИ МУСАВВИРИ САМАРҚАНДӢ

Дар Хонаи фотосуратҳои пойтахт таҳти унвони “Пазмонӣ”дари намоишгоҳи шахсии узви Иттиҳодияи эҷодкорони бадеии Ӯзбекистон, мусаввир Аслиддин Калонов боз гардид.

Дар Хонаи фотосуратҳои пойтахт таҳти унвони “Пазмонӣ”дари намоишгоҳи шахсии узви Иттиҳодияи эҷодкорони бадеии Ӯзбекистон, мусаввир Аслиддин Калонов боз гардид. 

Дар намоишгоҳ қариб 70 наққошии ӯ, ки бо усули рангтасвир, акварел ва графика рӯйи лавҳ омадаанд, ба маъраз гузошта шудааст.
Рангтасвирҳои Аслиддин Калонов композитсияи ба худ хос дорад. Дар аксарияти асарҳои ӯ мавзӯъ аз як тасвир ба тасвири дигар мекӯчад. Дар бештари тасвирҳояш кушода додани маънои сужет ба дӯши унсури дуюмдараҷа, мисли  мурғ, гурба, оина, кӯза, равоқ  гузошта мешавад. Нақшҳои “Роҳ” (аз силсилаи “Оинаи ҳаёт”), “Хотира”, “Пазмонӣ”, “Аксиомаи ҳаёт” (силсила) далели ин гуфтаанд.  Мисли ин аст, ки дар тасвирҳо шарораи дақиқаҳои ҳаёти даргузар чун дар оина яке медурахшанду нопадид мегарданд. 
Дар байни наққошиҳои мусаввир нақшҳое, ки бо техникаи акварел офарида шудаанд, зиёданд. Нақшҳои бо ин техника кашидаи наққош “Модар-замин”, “Бозгашт”, “Пазироии падару модар”, “Интизорӣ”, “Зиндагӣ”, “Оинаи хотира”, “Падару модар”, “Амвоҷи баҳр”, “Моҳихӯракҳои баҳри Хазар”, “Бориши барф дар ҷангал”, “Борон” баробари ба бинанда завқ бахшидан, ӯро ба андеша водор месозанд.
Хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии ба номи П. Бенкови пойтахт, Донишкадаи театр ва наққошии Тошканд, профессори Институти миллии наққошиву дизайни ба номи Камолиддин Беҳзод, барандаи ордени “Меҳнат шуҳрати” Аслиддин Калонов соли 1960 дар Самарқанди бостонӣ дида ба дунё кушодааст.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.
Суратгир: Р.ГАЛИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: