Дар толори марказии Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон маросими кушоиши намоиши ретроспективии устодони санъати Ӯзбекистон, ки осорашон дар маҷмӯи Идораи намоишҳои бадеӣ маҳфуз дошта мешавад, баргузор гардид.
Намоиш «Мероси мо. Устодони санъати Ӯзбекистон» ном гирифта, ба чеҳраҳои намоёни ҳунаре бахшида шудааст, ки дар рангтасвир, графика ва муҷассамасозӣ барин соҳаҳо муваффақ шуда, соли 2019 ҷашни тавлид доранд.
Аз соҳибҷашнҳои зиёд намунаҳое, ки дар фонди Идораи намоишҳои бадеӣ ва қисман дар маҷмӯъҳои шахсии аҳли ҳунар нигоҳдорӣ мешаванд, тақдим мегарданд.
Мақсади асосӣ аз тадбир ба ҷо овардани эҳтиром назди хотираи устодони санъати гуногунмиллати Ӯзбекистон аст, гуфта шуд дар маросими кушоиш. Аз наздик шинос намудани комёбиҳои эҷодии онҳо ба авлоди ҳозира ва ихлосмандону алоқамандони соҳа дар рӯзҳои мо низ аз аҳамият холӣ нест. Тамошобинон ба таърихи нотакрор ва аҷоиби таърихи санъати Ӯзбекистон шинос мешаванд. Ҳаёт ва эҷоди мусаввиру муҷассамасозони соҳибҷашн ба арзиш ва маданияти миллӣ, таърихи пуршаъни мо вобастагии қавӣ дорад. Чеҳраҳои намоёни ҳунар, дар навбати аввал, фазилат ва арзишҳои умумиинсониро дар осори дар шакл ва навъ гуногуни худ муҷассам намудаанд. Ҳар яке аз ин устодони мӯйқалам услуб, роҳи ба худ хоси эҷодӣ ва ба армонҳои ҳамзамонон ҳамоҳангу мутаносиб доштанд.
Тамошобин тавассути дидан кардан аз рангтасвири жанрноку таърихӣ, портрет ва натюрмортҳо, плэнерҳои эҷодӣ ва этюдҳо, ки бо асарҳо моҳирона корбаст ёфтаанд, ҳамчунин эскизҳои ҷолиби диққат ба лабораторияи эҷодии устодони соҳа шинос мешаванд.
Давраи экспонатҳо аз солҳои 40-уми асри сипаришуда сар карда, то солҳои 2000-умро фаро гирифтааст. Рӯҳи давраи гузашта, умед ва боварӣ дар ҷабҳаҳои ноил шудан ба мақсадҳои бузург, интизорӣ дар роҳи рӯнамоии озодона эҷод кардан ва ҳифз намудани олами зебоӣ солномаи абадзиндаи санъати Ӯзбекистон мебошад. Ҳамаи ин ба диққат ва эътибор, омӯзиш, қадр ва сипос лоиқ аст.
Устодон – соҳибҷашнҳои санъати Ӯзбекистон: Ан-Ир Владимир, Павел Бенков, Анзор Ҷишиашвили, Дилёр Имомов, Георгий Ким, Оганес Татевосян, Никос Феодоридис ва ғайраҳо.
Асарҳои рассоми тоҷик Муборак Йӯлдошев низ дар маъраз гузошта шудааст, ки агар ҳаёт мебуд, ба 85 медаромад.
Дар экспозитсияҳо аз 33 соҳибҷашн наздик 200 асар ҷой гирифтааст. Намоиш то 12 августи соли 2019 давом мекунад.
Ш. МУҲАММАД.