НАМОИШНОМАИ ТОҶИКӢ ДАР ТЕАТРИ БУХОРО

Ба қарибӣ ҳокимияти вилояти Бухоро бо мақсади боз ҳам мустаҳкамтар намудани алоқаҳои байнимиллӣ барномаи амалиёт таҳия намуд.

Бинобар он ҷамоаи эҷодии театри драмаи мусиқии вилоят мувофиқи дархости давлатӣ ба забони тоҷикӣ асари саҳнавӣ таҳия намуда, онро бо сафари эҷодӣ дар хориҷа намоиш медиҳад. Вазорати маданияти Ӯзбекистон ин лоиҳаро ҷонибдорӣ кард ва баҳри ба амал татбиқ намудани он таҳти роҳбарии коргардони машҳур, муаллифи филмҳои овозадори тоҷику ӯзбек, лауреати Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, фарзанди Бухорои шариф Бақо Содиқов ҷараёни корҳо оғоз ёфтааст.
Намоишнома «Қайс» ном дошта, онро коргардони басаҳнагузоранда Б.Содиқов ва писари ӯ, сенариянависи моҳир Улуғбек Содиқов ба забони русӣ навиштаанд. Шоири боистеъдод Ҷамшед Раҳматов (Ромишгар) драмаи мусиқиро ба забони тоҷикӣ баргардондааст. Ғояи офаридани намоишномаи номбурда ба муаллифони асари саҳнавӣ солҳои 90-уми асри гузашта дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ҳангоми банаворгирии филми бадеӣ тавлид ёфтааст. Аниқтараш офарандагони кино аз дӯкони китобфурӯшии шаҳр тарҷумаи русии рисолаи «Қайс аз қабилаи Банӣ Амир»-ро, ки дар асри IX таълиф ёфтааст, харида баъди мутолиаи он ба ин хулоса омадаанд.
– Он гоҳ рисола дар бораи ишқи нокоми ду дилдода, ки он нисбат ба достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомию Ҷомӣ ва Навоӣ хеле бармаҳал навишта шудааст, моро ба худ мафтун гардонда буд. Дар натиҷа бо ҳамкории писарам Улуғбек таҳти унвони «Қайс» киносенария навишта будем. Азбаски корамон аз ҳад зиёд буд, барои ба наворгирии он имконият нашуд. Инак, ташаббуси ҳокимияти вилояти Бухоро моро водор кард, ки дар асоси ҳамин сенария драмаи мусиқии «Қайс»-ро омода созем, – огоҳ намуд ҳамсуҳбатам Б.Содиқов. – Ин асар савту суруд, мавригию рақс ва ҳунарҳои зебои бухориёнро дар худ таҷассум намуда, муаллифи оҳангҳо омӯзгори мактаби ихтисосонидашудаи санъати Бухоро Эркин Турсунов мебошад. Суруду таронаҳо (мавригиҳо)-ро Артисти халқии Тоҷикистон Маҳмуд Тоҳирӣ, артистони хидматнишондодаи Ӯзбекистон Саодат Ғуломова, Нишон Отамуродов, ҳофизи халқӣ Гулчеҳра Содиқова ва дигарон иҷро мекунанд. Рақсҳоро балетмейстер, Ходими хидматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон Саломат Раҳмонова ба саҳна мегузорад. Иҷрои нақши волидони Лайлию Маҷнунро артистони мардумии Ӯзбекистон Убайдулло Амон ва Теша Муъминов ба зимма гирифтаанд. Аммо бобати иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ – Лайлӣ ва Маҷнун ҳамоно ба як қарор наомадаем, – илова намуд вай.
– Сафари ҳунарии шумо ба Тоҷикистон кай сурат мегирад? – пурсидам аз ӯ.
– Тобистони соли оянда. Ин имконият медиҳад, ки намоишнома табъи дил тайёр карда шавад.
– Соли нав ва вазифаи нав – саркоргардонии театри вилоят муборак бошад!
– Раҳмат.
– Ёд дорам, театри драмаи мусиқӣ ва мазҳакаи вилоят ба номи С.Айнӣ замоне намоишномаи «Гули сиёҳ»-и Соҳиб Ҷамолро ба забони тоҷикӣ ба саҳна гузошта буд. Баъди тақрибан се-чор даҳсола ин анъана боз эҳё мегардад. 
– Албатта.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: