НАМОЯНДАГИИ ПАРЛУМОНИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Таҳти роҳбарии Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов намояндагии парлумони мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд.

Аъзои намояндагии мо рӯзи аввали ташриф бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров вохӯрданд.
Маълум аст, ки робитаҳо дар самтҳои гуногун байни ду кишвари ҳамсоя ва дӯст вақтҳои охир густариш ёфта, равуоҳо ба мустаҳкамшавии риштаҳо мусоидат менамоянд. Дар муносибатҳои байнипарлумонии ду халқ, айни замон, саҳифаҳои нав кушода мешаванд. Дар суҳбат спикерҳо изҳори боварӣ намуданд робитаҳои байнипарлумонӣ оянда низ дар пурзӯршавии муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нақши муҳим хоҳанд бозид.
Ҳаминро низ таъкид карданием, танҳо дар соли 2018 байни мамлакатҳоямон бештар аз 180 ҳуҷҷат ва шартномаҳо ба имзо расонда шуданд, ки арзиши умумиашон наздик 730 миллион доллари ИМА-ро ташкил менамояд.
Шукурҷон Зуҳуров гуфт, мо дар Тоҷикистон бовар доштем дер ё зуд муносибатҳои бисёрасраи мо ба рӯзҳои нек расида, об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност, гуфтагӣ барин, аз нав ҳамааш ба ҷойи худ бармегардад. Шавкат Мирзиёеви муҳтарам баъди Президент интихоб шуданаш қатъиян гуфт, ки некҳамсоягиро ба роҳ мегузорад. Вай ба сухани худ амал кард...
Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов дар навбати худ таъкид намуд намояндагони парлумонҳои ду мамлакат бояд дар рушди муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо ҳиссаи муносиби худро гузоранд. Ӯ қайд кард, дар таъмини иҷрои шартномаҳое, ки аснои ташрифҳои расмӣ роҳбарони давлатҳои мо ба имзо расонда, он ҳуҷҷатҳо ба манфиатҳои ҳар ду кишвар баробар хидмат мекунанд, истифода аз салоҳияти парлумонҳоямон аҳамияти муҳим касб менамояд.
Дар мулоқоте, ки самимона сурат гирифт, доири ҳамкориҳо дар самтҳои дигар низ мубодилаи афкор ба амал омад.
20 ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Спикери палатаи поёнӣ Нурдинҷон Исмоиловро ба ҳузур пазируфт. Роҳбари давлати Тоҷикистон меҳмони олиқадр аз Ӯзбекистонро истиқбол карда, алоҳида таъкид намуд, натиҷаи вохӯрӣ ва созишҳо дар давоми ташриф дар рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омили муҳим мегарданд.
Ҷонибҳо изҳор намуданд, аз боз ҳам мустаҳкамшавии риштаҳо, хусусан, ҷоннокгардонии фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва таҷрибаивазкунӣ дар самти фаъолияти эҷодкории қонун манфиатдор мебошанд.

М.ШОДИЕВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: