НАМОЯНДАГИИ СММ МАҚСАДҲОИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ӮЗБЕКИСТОНРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ӯзбекистон Ҳелена Фрейзер бино бар амалиёти инсонпарваронае, ки 30 май баргузор шуду дар доираи он мувофиқи супориши Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз минтақаҳои зиддиятҳои яроқноки Шарқи Наздик 156 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Ватан баргаштанд, чунин изҳорот дод:

«Намояндагии СММ дар Тошканд омода аст бо Ӯзбекистон, барои он ки иҷрои ӯҳдадориҳои давлатро бино бар Ҳуқуқи байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Ҳуқуқи бйналхалқии инсонпарварӣ, Ҳуқуқи байналхалқии гурезаҳо ва як қатор моддаҳои баённомаи Шӯрои Амният таъмин намояд, ҳамкорӣ кунад.
Ҳазорҳо нафар занону бачагоне, ки бо гурӯҳҳои воқеъ дар Шарқи Наздик  вобастаанду онҳоро СММ гурӯҳҳои террористӣ меҳисобад, ҷамоатҳои бағоят ночор ба шумор мераванд. СММ мушаххас менамояд, ки таъмин кардани иҷрои қарорҳо барои бозгашти муносибу муташаккили ин одамон мувофиқи раванди хориҷ накардан ва бино бар ӯҳдадориҳои байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар кишварҳое, ки онҳо таваллуд шудаанд, хеле муҳим мебошад. Меъёрҳое, ки давлатҳои аъзо бояд риоя кунанд, таъмин сохтани онро фаро мегирад, ки тамоми сиёсат ва амалиёт нисбати бачагон ба манфиатҳои кӯдак такя мекунанд. Ин таъмин сохтани пайвандиву хешутаборӣ ва пинҳонии онро дар бар мегирад.
Ман аз расонаҳои ахбори оммавии Ӯзбекистон хоҳиш мекунам, ки сурат ва навори видеоии ин бачагони бағоят ночорро интишор накунанд.
Дар ин масъала ҳамчунин бояд ба ғамхорӣ нисбат ба оила бартарӣ дода шавад. Кӯмаки рӯҳӣ ва дурнамои дақиқи обсозиш ва мувофиқшавӣ вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Аксарияти ин бачагон шоҳиди саҳнаҳои даҳшатовари зӯроварӣ гардиданд, ба вайроншавии ҳуқуқи инсон ва фишоровариҳои гуногун дучор шуданд. Ин тоқатнопазир аст. Барои занон низ мо бояд хидматҳои зарурӣ ва дастгирии иҷтимоиро дар соҳаи сиҳати рӯҳӣ, қаробат ва тартиботи шоистаро дар он ҷойҳое, ки ҳукумат гумон дораду тафтишоти ҷиноӣ тақозо мегардад, таъмин намоем. 
Ин бозпурсиеро, ки ҷиҳатҳои ҷинсиро ба инобат мегирад, таъмин сохтани далели бегуноҳӣ, ҳамчунин муҳимияти тафтишоти одилонаи суди тамоми гумонбаршудагон ба иштирок дар ҳаракатҳои ҷиноиро фаро мегирад. Боз як ҷиҳате, ки ман мехостам таъкид намоям, ин ҳуқуқ барои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи шахсият мебошад. Бисёрии онҳое, ки ҳоли ҳозир дар Ироқ ва Сурия мебошанд, бахусус бачагон, шояд ҳуҷҷате, ки шахсият ё худ шаҳрвандии онҳоро тасдиқ кунад, надоранд. Давлатҳои аъзо бояд кафолат диҳанд, ки ин ба сифати бартарӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Мо мехоҳем бовар кунонем, ки гурӯҳи СММ дар Ӯзбекистон омода аст бо тамоми вазорату идораҳое, ки ба ин ҷараён ҷалб шудаанд, барои он ки иҷрои меъёрҳои байналхалқӣ риоя шаванд, ҳамкорӣ кунад. Мо таъмин кардани риояи ҳадди аксари ҳуқуқи шаҳрвандонеро, ки дар ҳолати ночор қарор доранд, муҳим меҳисобем, барои он ки ин занон ва, бахусус, бачагон тавонанд бехавфу хатар ба оилаи худ, ба ҷомеаи худ ва кишвари худ мутобиқ шаванд».

ОИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: