НАМОЯНДАГОНИ АҲЛИ ДИНИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН БА ИМА САФАР МЕКУНАНД

Аз 20 апрел то 2 май дар моҳи шарифи Рамазон, ки рамзи накӯӣ, дилсӯзӣ ва меҳрубонӣ маҳсуб меёбад, намояндагони аҳли мусулмони Ӯзбекистон ба ИМА сафар мекунанд.

Дар рафти сафар, ки аз ҷониби сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Вашингтон якҷоя бо Идораи мусулмонон ташкил карда шудааст, имомҳо ба шаш шаҳри Амрико, ки дар он ҷо ҳамватанони мо зич зиндагӣ мекунанд ва таҳсил мегиранд, ташриф меоранд.
Интизор меравад, ки дар рафти сафар намояндагони аҳли дин бо ҳамватанон, фаъолон ва роҳбарони диаспораҳои миллӣ мулоқот баргузор намуда, дар масҷидҳои маҳаллӣ оид ба арзишҳои ҳақиқии дини ислом ва покии маънавӣ, муқовимат бо ифротгароӣ, ақидаҳои экстремистӣ дар байни ҷавонони ӯзбек, ки дар ИМА зиндагӣ мекунанд, маъвизаҳо мегӯянд. Ба ғайр аз ин иштироки имомхатибҳо аз Ӯзбекистон дар ифторҳои байниконфессиявӣ бо намояндагони доираҳои расмӣ ва ҷамъиятӣ, ҷамоатҳои динии Иёлоти Муттаҳида, ки дар Сафоратхонаи кишварамон дар Вашингтон баргузор мегарданд, ифтитоҳи расмии масҷидҳое, ки бо ташаббуси ҳамватанони мо сохта шудаанд, пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи буду боши имомхатибони Ӯзбекистон дар Иёлоти Муттаҳида инчунин дар Департаменти давлатии ИМА ва Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии дин мулоқоту музокироти ҷудогона брифинг дар майдони маркази таҳлилии Институти дунёи ИМА оид ба чорабиниҳои пеш бурдани таҳаммулпазирии ислом ва муқовимат ба ғояи радикализм ва экстремизм баргузор мегарданд.
Имомҳо ҳамчунин аз маркази «ADAMS», макони барҷастаи ибодатгоҳи мусулмонони Амрико дар соҳили шарқии ИМА дидан хоҳанд кард, ки ба беш аз панҷ ҳазор оила дар Вирҷиния бо доираи васеи хидматҳо, аз ҷумла таълими ибтидоии исломӣ ва арабӣ ва дарсҳои махсус барои кӯдакон хидмат мерасонад.
Боздиди имомхатибон ба гуфтаи дипломатҳои ӯзбек имкон медиҳад, ки миёни намояндагони аҳли дини ду кишвар дар бахшҳои маърифати маънавӣ, омӯзиши забони арабӣ, пажӯҳиш ва ҳадисшиносии муштарак, инчунин ташкили сафарҳои зиёратӣ ба Ӯзбекистон робитаҳои мустақим ба роҳ монда шавад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: