НАМОЯНДАГОНИ БУНДЕСТАГ ДАР БУХОРО

Ҳайати вакилон таҳти сарварии раиси гурӯҳи парлумонии «ҶФО – Осиёи Марказӣ»-и Бундестаги Олмон 29 октябр ба вилояти Бухоро ташриф овард.

Намояндагони гурӯҳи парлумонӣ бо фаъолияти корхонаи хориҷии «Кнауф Гипс Бухара», ки дар ноҳияи Когон фаъолият нишон медиҳад, шинос шуданд.
Дар мамлакатамон ба ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ва бо иштироки онҳо татбиқ намудани лоиҳаҳои пешомадноки муштарак эътибори алоҳида дода мешавад. Ба ин иқлими мусоиди самоягузорӣ ва муҳити корчаллонӣ мусоидат менамояд. 
Корхонаи якҷоя бо гурӯҳи ба Ҷапон машҳури байналхалқии «Кнауф» ташкилшуда, ки дар вилояти Бухоро бомуваффақият фаъолият нишон медиҳад, дар соли 2009 дар асоси гач омехтаҳои хушки баландсифатро ба роҳ монд. Он дар ташаккул додани бозори омехтаҳои хушк ва тағйирдодашудаи бинокории Ӯзбекистон ҳиссаи бузург ҳамроҳ намуд. 
Моҳи сентябри соли 2011 КХ «Кнауф Гипс Бухара» заводи истеҳсоли гачукартонро ба истифода супурда, моҳи майи соли ҷорӣ иқтидори завод нав гардонда шуд. Дар натиҷа маҳсулнокии хат 30 фоиз зиёд гардида, истеҳсоли соле беш аз 30 миллион метри мураббаъ гачукартон аз худ карда шуд. 
Узви гурӯҳи парлумонии Олмон бо фаъолияти завод, ки бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст,  шинос шуд. Таъкид гардид, ки масолеҳи бинокории корхона на танҳо дар бозори дохилӣ балки берунӣ харидорони зиёд дорад. 
Меҳмонон дар рафти ташриф бо ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва ҷойҳои шоёни диққати Бухоро шинос шуданд.

Э. ЁДГОРОВ, 
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: