Намояндагони Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон ба Пекин омаданд

4 феврали соли равон дар шаҳри Пекини Чин Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ оғоз мешаванд.

Дар онҳо дар баробари 90 кишвари ҷаҳон ҳайати Ӯзбекистон низ ширкат хоҳад кард.

Дирӯз, намояндагони Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон – сармутахассиси департаменти робитаҳои байналмилалӣ, масъули робита бо кумитаи тадорукот Нозим Атақулов ва сармутахассиси департаменти оид ба робита бо ВАО ва бо ҷомеа, масъули хидмати матбуоти кумита Нуралӣ Юлдошев ба пойтахти чорсолагии стартҳои асосӣ омаданд. Гурӯҳи корӣ аз тафтиши пешакӣ бомуваффақият гузашт. Аз ҳама муҳимаш, намояндагони мо солиманд.

Маълум аст, ки Комилҷон Тӯхтаев имсол дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар риштаи лижаронии кӯҳӣ шарафи кишвари моро ҳимоя мекунад. Варзишгар рӯзи 13 феврал дар намуди гигант слалом ва 16 феврал дар слалом рақобат мекунад. Вай дар маросими кушодашавии он, ки дар стадиони «Лонаи парранда» барпо мегардад, байрақбардори ҳайати вакилони мо хохад буд.

Ҳоло Комилҷон Тӯхтаев ба Бозиҳои олимпии дарпешистода дар Италия омодагӣ мебинад. Тибқи нақша, варзишгар 2 феврал аз Милан ба Пекин рафт. Мураббии итолиёвии ӯ Маттиа Жианесси рӯзи 9 феврал ба Чин меояд. Бояд гуфт, ки омодагии варзишгари мо ба Бозиҳои олимпӣ ва иштироки ҳайати мо дар мусобиқаҳо аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбад, хабар медиҳад хидмати матбуоти КМО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: