15-16 ноябр дар Ашқобод ҷаласаи 48-уми Шурои байниҳукуматии роҳсозони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Дар ҷаласа намояндагони созмонҳои роҳсозии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарони вазоратҳои нақлиёти давлатҳо ва аъзои созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок менамоянд. Дар ин хусус сомонаи Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар додааст.
Мавзуи ҷаласа «Сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард, татбиқи технологияи нав, маҳсулот, техника ва таҷҳизоти муосир дар соҳаи роҳсозӣ» мебошад. Зимни ҷаласа асосан масъалаҳои лоиҳакашӣ, сохтмон, муосиркунонӣ ва истифодаи роҳҳои мошингард баррасӣ карда мешаванд.
Иштирокчиён тамоюли муҳим ва мушкилотеро, ки хадамоти роҳи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо он рӯ ба рӯ мешаванд, баррасӣ намуда, таҷрибаи дар соҳаи инноватсия ва рушди устувори инфрасохтор ҳосилнамударо мубодила мекунанд.
Шурои байниҳукуматии роҳсозон соли 1992 ташкил шуда буд. Ин созмони беназир маъмурияти нақлиёти автомобилӣ ва корхонаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар чаҳорчӯби шарикии давлат ва бахши хусусӣ муттаҳид мекунад. Шуро аз замони таъсис барои фаъолияти самараноки инфрасохтори автомобилӣ ва роҳсозии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якчанд қарори муҳим таҳия намудааст.