НАМОЯНДАГОНИ ТИҶОРАТИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ПОЛША САМТҲОИ НАВИ ҲАМКОРИРО МУАЙЯН КАРДАНД

Дар доираи сафари ҳайати тиҷоратии Ӯзбекистон ба Полша дар сафоратхонаи мамлакати мо бахшида ба имкониятҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявии Ӯзбекистон «мизи мудаввар» баргузор шуд, ки якҷо бо Палатаи савдову саноати «Полша – Осиё» ташкил гардид.

Дар чорабинӣ вакилони тиҷоратии ду мамлакат, аз ҷумла роҳбарони ширкатҳои «Eximmed», «AiAfExpedition» ва «Захираҳо» (Ӯзбекистон), ҳамчунин «Ferro», «AT.Trading», «Polfrost», «Jaeger», «Technomex», «Simed» ва «ACTION» (Полша) иштирок карданд. 
Сафири Ӯзбекистон Амирсайид Аъзамхӯҷаев ба чорабинӣ ифтитоҳ бахшида, самтҳои бартариноки ҳамкориҳои барои тарафайн муфиди ӯзбекистониву полшагиро қайд намуда, бинобар вусъат додани шарикии сармоявӣ ва кооператсияи саноатӣ таклифҳо пешниҳод кард. Вай таъкид намуд, ки барои рушди робитаҳои бевоситаи байни тоҷирони ду кишвар имкониятҳои бузург мавҷуданд.
Президенти Палатаи савдою саноати «Полша – Осиё» Януш Пехочинский дар баромади худ эътибори  ҳозиронро ба таҳкими ҳамкориҳои тарафайни иқтисодиву сармоявӣ ҷалб намуда, зикр сохт, ки табодули моли дуҷониба солҳои охир се баробар афзудааст. 
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои вусъат додани ҳамкории иқтисодии байни ду мамлакат, татбиқ шудани лоиҳаҳои нави сармоявӣ ва мустаҳкам гардидани муносибатҳои тиҷоратӣ баррасӣ шуданд. 
Ширкатҳои Полша пешниҳодҳои худро бобати ҷорӣ намудани коркардҳои технологӣ дар Ӯзбекистон иброз доштанд. Намояндагони ҷомеаҳои тиҷоратии кишвари мо омодагии худро бинобар истифода аз таҷрибаи Полша ва ҳамкорӣ бо мутахассисони баландихтисос изҳор намуданд.
Бинобар ҷамъбасти гуфтушунидҳо дар шакли В2В, ки дар доираи «мизи мудаввар» гузаронида шуданд, муоҳидаҳо оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқавории Ӯзбекистон дар Полша ба имзо расиданд. Ғайр аз ин якҷо бо ширкати «Polforst»-и Полша масъалаи кушодани хонаи тиҷоратии Ӯзбекистон дар Полша баррасӣ шуд, ки логистикаи маҳсулот, экспозитсия, анборкунӣ, татбиқсозӣ ва паҳнкунии онро дар тамоми Аврупо таъмин менамояд. 
Ба масъалаи кушодани намояндагии ширкатҳои Полша дар Ӯзбекистон барои ҳаллу фасли мушкилоти нақлиётиву логистикӣ эътибори махсус дода шуд.
Мулоқоти байни соҳибкорони Ӯзбекистон ва Полша бобати ба дараҷаи нав бардоштани ҳамкориҳои иқтисодии байни ду мамлакат қадами муҳим гардид. Намояндагони ҳар ду ҷониб изҳори бовар намуданд, ки муносибатҳои шарикӣ минбаъд низ вусъат меёбанд ва мустаҳкамтар мегарданд. 
Сардиректори амалиётии ширкати «Jeger» Гжегож Пизалка дар гузоришаш ба АИ «Дунё» изҳор дошт:
– Ширкати «Jeger» дар соҳаи ранг ва ороишот дар Аврупо пешоҳанг ба шумор меравад. Бо дастгирии сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Полша мо бо тоҷирони ӯзбек баҳри баррасии ҷузвҳои ҳамкории имконпазиру муфиди тарафайн мулоқот кардем. Чорабинии имрӯза хеле сермаҳсул буд. Ман бо эътимод гуфта метавонам, ки он барои пешомадҳои азим роҳ кушод. 
Муътақидам, ки чунин мулоқот минбаъд низ баргузор хоҳад шуд. Мо тайёрем аз кишвари зебои шумо – Ӯзбекистон боздид ба амал оварем.

АИ «Дунё»,
шаҳри ВАРШАВА. 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: