НАМОЯНДАГОНИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ИҶРОИ РЕКОРДИИ ХОРСАРОӢ ИШТИРОК КАРДАНД

Ба наздикӣ аз ҷониби ширкати савдои Worlb Traders якҷо бо Коллеҷи Goodenough чорабинии мусиқӣ гузаронида шуд.

Дар доираи он таҳти шиори «Барои беш аз пеш шаффофӣ ва тозагии савдову технология» хор бо иштироки донишҷӯёни Британиё ва хориҷӣ, ки дар Лондон таҳсил мегиранд, се суруди машҳурро иҷро кард.
Созмондиҳандагони он қарор доданд дар ин бобат рекорди ҷаҳонӣ нишон дода, онро дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт намоянд, барои ин онҳо намояндагони 87 кишварро даъват намуданд, ки дар хорсароӣ иштирок кунанд. «Imagine» (John Lennon), «Mamma Mia» (гуруҳи АВВА), «I would like to teach the world to sing» (гурӯҳи Lea Salonga) сурудҳои интихобшуда муайян гардиданд. Матни сурудҳо ба иштирокдорон пештар аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ расонда дода шуда буданд.
Рекорди аввала, ки дар Китоби рекордҳои Гиннес ба қайд гирифта шудааст, аз ҷониби мактаби тиҷоратии Лондон моҳи феврали соли 2016-ум гузошта шуда буд. Он замон донишҷӯёни хорсаро аз 72 давлат намояндагӣ карда буданд.
Бино бар суханони яке аз ташкилгарони чорабинӣ, профессори Коллеҷи Goo-denough Майкл Майнелли дар шароити ҷаҳони номуътадили кунунӣ ва зиддиятҳои тиҷоратии байни иттифоқчиён, иқдоми мазкур намоиши норизоӣ нисбат ба чунин зуҳурот, ваҳдат барои сулҳу салоҳ, канора ҷустан аз зиддиятҳо ва муваффақ  шудан ба ҳамдиливу ҳусни тафоҳум мебошад.
Мувофиқи қоида иштирок дар чорабинӣ метавонад бевосита аз ҷониби намояндаи кишвари муайян ҳамчун иҷрогар, ё худ аз тариқи ба ҷойи худ даъват кардани шахси дигар бо супурдани 101 фунт стерлинг, ки барои хайрия фиристода мешавад, амалӣ гардад. Ин пулҳо барои кӯмакрасонии молиявӣ ба ҷавонон дар афзудани дониши онҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн бо донишҷӯёни кишварҳои хориҷӣ истифода мешаванд, ҳамчунин ба Коллеҷи Goodenough барои татбиқ намудани ташаббусҳои маърифатии он супурда хоҳанд шуд.
Тавре ки яке аз созмондиҳандагони чорабинӣ изҳор дошт, барои иштирок дар хорсароӣ ҳунарманди касбӣ будан шарт нест, балки хоҳиши барои сулҳу салоҳ ва шукуфоии сайёраи мо кореро анҷом додан муҳим мебошад.
Дар чорабинӣ намояндагони 87 давлат, аз ҷумла давлатҳои қитъаи Африқо, Британиёи Кабир, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Канада, ҶМЧ, Куриёи Ҷанубӣ, ИМА, мамлакатҳои ИДМ, аз ҷумла Русия, Белорус, Украина, Молодова, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат ҷустанд.
Бо назардошти он, ки вакилони Ӯзбекистон бори аввал дар чорабинии мазкур иштирок доштанд, созмондиҳандагон ба онҳо миннатдории махсус изҳор намуданд.
Соли оянда ташкилгарон ният доранд дар доираи ин лоиҳа намояндагони 101 давлатро муттаҳид намоянд. Бино бар ақидаи онҳо баргузор кардани чунин чорабиниҳо донишҷӯён ва сокинони оддии Британиёи Кабирро ба ҳамкорӣ ва шарикӣ бо кишварҳои хориҷӣ рағбатнок менамояд, донишҷӯёни хориҷиро бошад, ҳавасманд мекунад, ки чунин чорабиниҳоро дар Ватани худ созмон диҳанд ва бад-ин тариқ кишварҳо ва халқҳои сайёраи мо муттаҳид шаванд.

ОИ «Дунё»,
шаҳри ЛОНДОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: