1 октябр дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷаласаи байниҳукуматии коршиносони Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) ба кор шурӯъ кард, ки ба таҳияи Барномаи амал барои солҳои 2026-2035 бахшида шудааст.
Дар чорабинӣ намояндагони Сафорати Ӯзбекистон дар Арабистони Саудӣ иштирок мекунанд.
Барномаи нав идомаи мантиқии Барномаи амали СҲИ барои солҳои 2016-2025 хоҳад буд, ки дар таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон дар арсаҳои мухталиф нақши муҳим дошт. Барнома барои солҳои 2026-2035 ба рушди минбаъдаи ин соҳаҳо ва ҷорӣ намудани ташаббусҳои нав, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад, равона шудааст, хабар медиҳад АИ “Дунё”.
Ҳадафи аслии ҷаласа муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти СҲИ барои солҳои оянда мебошад. Коршиносон ва намояндагони кишварҳои ширкаткунанда масъалаҳои асосии ҳамкориро баррасӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки Барномаи амал барои солҳои 2026-2035 ба як санади стратегӣ табдил ёбад, ки ба таҳкими ҳамкории кишварҳои узв ва ноил шудан ба ҳадафҳои муштарак, ки ба рӯҳ ва рисолати СҲТ мувофиқ аст, равона шудааст.