НАМОЯНДАГОНИ ҲАЙАТИ ХОРИҶӢ ДАР САМАРҚАНД

Ҳайати Иттиҳодияи қаҳрамонони Русия таҳти роҳбарии раиси Кумитаи дифои Думаи давлатии Федератсияи Русия Владимир Шаманов, ки дар кишвари мо меҳмон аст, 13 апрел ба шаҳри Самарқанд ташриф овард.

Аъзои ҳайати кайҳоннавардон нахуст бо ҳамроҳии ҳокими вилояти Самарқанд Э. Турдимов маҷмӯаи мақбараи Нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримовро зиёрат карданд.
Ба меҳмонон дар ин ҷо бобати корҳои бунёдкориву ободонсозӣ ва шароити барои зиёратчиён фароҳамшуда, ки бо  ташаббуси роҳбари давлати мо Шавкат Мирзиёев амалӣ мегарданд, маълумот дода шуд.
Баъд аз он қаҳрамонони Русия ба ёдгориҳои Шоҳи Зинда, Хоҷа Дониёл рафтанд. Таърихи офарида шудани маҷмӯъҳои мазкури чандинасра ва корҳои оид ба ҳифзу нигаҳдории онҳо ба меҳмонон таассуроти калон гузошт.
Кайҳоннавардон ҳангоми шиносоии наздик бо музей ва расадхонаи Мирзо Улуғбек таъкид намуданд, ки аҷдоди бузурги мо ба ривоҷи илми астрономия ҳиссаи калон гузоштаанд ва омӯзишу тарғиби васеи мероси онҳо дар ҳама замонҳо аҳамияти бузург дорад.
–Аз ин чил сол пеш, вақте ки дар мактаб мехондам, маро барои саёҳат ба Самарқанд оварда буданд, – раиси Кумитаи дифои Думаи давлатии Федератсияи Русия, Қаҳрамони Русия Владимир Шаманов. – Бо шиносоии нахустин шаҳри мазкурро ман дӯст дошта будам ва ҳоло ҳам дар миёни шаҳрҳои Ӯзбекистон Самарқанд ба ман хеле маъқул аст. Ин марз аз қадим ба сифати маркази фарҳанг ва тамаддун ном баровардааст. Ҳатто ба сифати пойтахти давлати саркардаи бузург Амир Темур обод шудааст. Дарвоқеъ, вақте сухан доир ба Амир Темур меравад, ба хотирам мерасад, ки дар зодгоҳи ӯ Шаҳрисабз ман ҳангоми донишомӯз будан дар олимпиадаи фанҳои физика ва математика иштирок карда будам. Умуман гирем, ба Ӯзбекистон, ки Ватани дувуми ман мебошад, ин сафарам ҳам бисёр  хотирраҳоро бедор кард. Аз меҳмондорӣ ва муносибатҳои самимӣ сарамон ба осмон расид.
Аъзои ҳайат дар давоми ташриф ба Самарқанд маҷмӯаи Регистон, мақбараи Амир Темур ва дигар ёдгориҳои таърихиву маданиро тамошо кард.
–Ҳар дафъа сафари ман ба Ӯзбекистон аз таассуротҳои нав ғанӣ аст,– мегӯяд Қаҳрамони Ӯзбекистон, дорандаи ордени «Буюк хизматлари учун»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Солиҷон Шарипов. – Ин дафъа низ шаҳру деҳот хеле тағйир ёфта, обод гардидаанд. Муносибати инсонҳо низ ба ҳаёт тағйир ёфтааст. Гувоҳ гардидам, ки ҳоло дар Самарқанд сайёҳон зиёданд, ин маскани таърихӣ ба маркази бузурги сайёҳӣ табдил меёбад. Дар асл низ Самарқанд ба сифати яке аз гаҳвораҳои тамаддуни дунё дар рушди инсоният нақши муҳим дорад. Дар ин ҷо корҳоеро, ки бо роҳбарии Мирзо Улуғбек дар соҳаи астрономия амалӣ шудаанд, то имрӯз олимони дунё эътироф мекунанд. Ман ба Самарқанд бисёр омадаам. Лекин аксарияти кайҳоннавардони русиягӣ, ки имрӯз омадаанд, аз ин шаҳр аввалин бор дидан мекунанд ва ҳайрату таассуроти онҳо хеле зиёд аст.

Ғолиб ҲАСАНОВ,
мухбири ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: