НАМУДИ ХИДМАТҲО АФЗУН, СИФАТИ ОНҲО БЕҲ ХОҲАД ШУД

Идораҳои ҳудудии Агентии хидматҳои давлатӣ ба аҳолӣ хидматҳои гуногуни босифат ва саривақтӣ мерасонанд.

Идораҳои ҳудудии Агентии  хидматҳои давлатӣ ба аҳолӣ хидматҳои гуногуни босифат ва саривақтӣ мерасонанд. Навъҳои ин хидматҳо  низ торафт меафзояд. Чунончӣ, агар аввалҳо 130 навъи хидмат мавҷуд бошад, алҳол он ба 154-то расидааст.

Ба наздикӣ Садорати вилоятии Агентии хидматҳои давлатии Ҷиззах барои рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ ташкил кард ва дар он дар бораи корҳое, ки амалӣ мегарданд, ибрози ақида намуданд. Таъкид гардид, ки то охири сол дар назар аст, ки шумораи хидматҳо ба садто расонида шавад. То ин дам ба аҳолӣ беш аз даҳ ҳазор хидмат расонида шудааст. Навъҳои хидматҳои фосилавӣ низ рӯ ба афзоиш аст. Пешбинӣ шудааст, ки ин намуди хидмат ба шастто расонида шавад.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин дар бораи ислоҳоте, ки дар  соҳаи қайди ақди никоҳ ва ҳолатҳои шаҳрвандӣ рӯй медиҳанд, сухан рафт. Қайд гардид, ки дар ин ҷода нақша ва реҷаҳои истиқболнок ҷой доранд. Баробари ин корҳои саривақтии таъхирнопазир ҳам кам нестанд, зикр гардид дар ҷамъомад.
Соли ҷорӣ ҳуқуқи падарии 385 нафар таъмин карда шуд. 2375-то ақди никоҳ қайд гардид. Мутаассифона, ҳолатҳои вайроншавии оилаҳо ва сабти фавт низ ҷой доранд.
Дар тадбир натиҷаҳои омӯзиши Идораи ҳудудии Ҷунбиши умуммиллии «Юксалиш» оид ба рафти корҳои хидматрасонии чӣ фосилавӣ ва чӣ бевоситаи ходимон дар якчанд ноҳияҳо эълом гардид.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: