НАМУНАЕ АЗ ЗАРБУЛМАСАЛҲОИ ТОТӢ

Тотҳо яке аз қавмҳои ниҳоят қадимаи эронианд, ки дар ҳудуди шарқии Қафқози имрӯза, канораҳои баҳри Хазар, дар ҳамсоягӣ бо халқҳои гурӯҳи қафқозу иберӣ ва туркӣ зиндагӣ доштаанд.

Тотҳо яке аз қавмҳои ниҳоят қадимаи эронианд, ки дар ҳудуди шарқии Қафқози имрӯза, канораҳои баҳри Хазар, дар ҳамсоягӣ бо халқҳои гурӯҳи қафқозу иберӣ ва туркӣ зиндагӣ доштаанд.
Забони тотӣ бо лаҳҷаҳои ҷузъӣ ҳамоно давоми забони паҳлавист бо омехтагии калимаҳои забони форсии нав. Маншаи калимаи тот, тоҷик ва толиш якест ва шояд то замони ҳамлаи араб номи ягонаи қавми эроние буда, ба форсии нав бо нишонаҳои забони паҳлавӣ такаллум мекард.
Тотҳо бо вуҷуди камшуморӣ (қариб 60 ҳазор нафар) гаравидаи се дини бузурги ҷаҳонӣ – яҳудият, масеҳияти силки ҷурҷӣ-ароманӣ ва исломи ташаюъ мебошанд.
Ҳоло намунаеро аз зарбулмасалҳои тотӣ бо муодилҳои форсии тоҷикӣ барои хонандагон пешкаш менамоем.
Одомӣ ез сенқиш сехдӣ, 
ез гудиш меҳенетӣ.
(Одамӣ аз санг сахту аз гул 
нозуктар аст).
***
Онгур ез онгур нишон мегиру, 
одомӣ ез одомӣ еқул.
(Ангур аз ангур ранг мегирад, 
одам аз одам ақл).
***
Доқ е доқ расд наёв, одомӣ е одомӣ 
расд миёв.
(Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба 
одам мерасад).
***
Еилҳо дериҳо хуне базарӣ, еилҳо 
недериҳо хуне қоврехуне.
(Хонаи бачадор бозор, 
бебача мазор).
***
Зен мисоху мерде тоҷбесер, 
зен мисоху мерде хокбесер.
(Мардро мард ҳам мекунад, 
гард ҳам мекунад, зан мекунад).
***
Еқулменде душме ез хере дӯсд хубӣ.
(Душмани доно беҳ аз дӯсти нодон).
***
Ез косиб худош визор.
(Аз нодор худо безор).
***
Сироире ез бишне хебер нибу.
(Серро чӣ парвои гурусна).

Раҳмон РАҶАБӢ.

ШАБИСТОНИ МЕҲР

(Аз силсилаи «Андешаҳо дар танҳоӣ»)
Шахси нобино ба асои худ такя намуда тамкини худро дармеёбад.
Аммо мо биноён чӣ? 
Хуб мебуд агар биноён ба назаргоҳи қалби худ такя менамуданд.
*  *   *
Аз қасамхӯрӣ бояд худдорӣ намуд. Зеро қасам хӯрдан худро аз вартаи дурӯғҳо раҳо намудан аст.
*   *  *
Соҳиби виҷдони пок будан гавҳари бебаҳост. Маълум аст, ки гавҳари соф танҳо дар умқи нопайдои дарёст. Кош, ба даст овардани ин гавҳари пурқиммат ба ҳамагон насиб гардад.
*    *  *
Чун тири аз камон ҷаста сухани беҷо низ қалберо реш месозад, ҳатто ба сактаи дил оварда мерасонад.
Кош, ҳамагон ҳангоми сухан гуфтан ба меъёри андеша низ амал менамудем. Гумон мекунам, ки он замон кати бемориҳои қалб аз дардмандон холӣ мегардид...
*   *  *
Дӯсте, ки лофи бародархондагӣ мезанад, дар асл дӯсти шумо набуда, танҳо ба сарвату мансаб ва ё истеъдоди шумо такя намуданро пеши худ мақсад гузоштааст ва баҳри расидан ба ин мақсад аз чизе рӯй намегардонад
Дӯсти асил бошад, ҷояш ҳамеша дар паҳлӯи шумо буда, аз бародархондагӣ ҳарфе намезанад, вале мақомаш на камтар аз бародарони аслии шумост.
*  *  *
Нафарони соҳиби истеъдоди фитрӣ дар ягон замон рӯйи хориро нахоҳанд дид. Ҳарчанд баъзан аз ноҳақию сангпартоиҳо ба сактаи қалб гирифтор шаванд ҳам, чун алмосе, ки занг нахоҳад хӯрд, дар рӯйи Замин софу беғубор мемонанд.

С. МУҲАММАДҶОН,
вилояти Сурхондарё.


Фолнома

Дар боби тӯҳмат ва ғайбат
Агар касе ҳангоми суҳбат забонашро биҷавад, ӯ ба туҳмат мубтало гардад.
***
Агар касе ҷорӯбро ба девор рост гузорад, ӯ гирифтори туҳмати ноҳақ шавад.
***
Агар ҷорӯб ба бадани касе расад ва ё агар касе шабҳангом ба оина нигон кунад, дар ҳаққи вай туҳмат шавад.
***
Агар ҷорӯб вақти ҷорӯбзанӣ ба пойи касе бархурад, ӯ ба туҳмати ноҳақ рӯ ба рӯ гардад.
***
Агар касе ҳангоми суҳбат забонашро бигазад, ба ӯ мегӯянд: «Касе аз ту ғайбат мекунад».
***
Агар нармаи гӯши касе сурх шавад ва ӯ дар гӯши худ гармӣ ҳис намояд, нишонаи он аст, ки дар ҳамон соат дар ҷойи дигар касе ғайбати ӯро мекунад.
***
Агар шамъи хонае ларзон-ларзон бисӯзад, мегӯянд: «Касе дар ҷойи дигар ғайбати соҳиби он хонаро мекунад».

Таҳияи Н. НАИМ.


Манзили ҷонон

Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо.
Ба бӯйи нофае, к-охир сабо з-он турра бикшояд,
Зи тоби зулфи мушкинаш чӣ хун афтод дар дилҳо.
Ба май саҷҷода рангин кун, гарат пири муғон гӯяд,
Ки солик бехабар набвад зи роҳу расми манзилҳо.
Маро дар манзили ҷонон чӣ амни айш, чун ҳар дам
Ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо.
Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо.
Ҳама корам зи худкомӣ ба бадномӣ кашид охир,
Ниҳон кай монад он розе, к-аз он созанд маҳфилҳо.
Ҳузуре гар ҳамехоҳӣ, аз ӯ ғоиб машав, Ҳофиз,
Мато мо талқа ман таҳво даиддунё ва аҳмилҳо.

Оғози ишқ осон аст, вале бас сахт ва душвор дар пеш рӯ мениҳад. Ба ин дунёи фонӣ набояд дил баст. Якравӣ, саркашӣ ва худкомӣ балои ҷони ошиқ аст ва бояд аз насиҳати бузургон ва касоне, ки умре ё донише бештар аз мо доранд, истифода кунем.

Таснифи Парвизи ИЗЗАТУЛЛО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: