НАМУНАВӢ ГУЗАРОНДАНИ ЧОРАБИНИҲО

Дар Маркази матбуоти миллӣ брифинги Комиссияи кӯмакрасон ба пурзӯркунии фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар нишаст раиси комиссия Толибҷон Мадумаров ба журналистон дар бораи масоили муҳокимагардида ва қарорҳои қабулшудаи маҷлисҳои муштараки Шӯрои Сенати Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллии ҳамаи ноҳияҳои шаҳри Тошканд, ки моҳҳои август — сентябри соли ҷорӣ баргузор шудааст, маълумот дод.
Мувофиқ ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи эксперименти ҳуқуқӣ бинобар ҷорӣ кардани тартиби алоҳидаи идора дар шаҳри Тошканд» аз 12 августи соли 2018, ба зиммаи Сенати Олий Маҷлис вазифаҳои дахлдор вогузор шуданд.
Айни замон аҳолии доимии шаҳри Тошканд беш аз 2,5 миллион аст, аз онҳо 1,5 млн. нафар дорои лаёқати меҳнатианд, 1,1 миллион нафар бо кор банд буда, қариб 99 ҳазор нафарро бекорон ташкил медиҳанд. Беш аз 90 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Ҳамчунин, қариб 39 ҳазор нафар ҷавононе ҳастанд, ки соли ҷорӣ бори аввал ба бозори меҳнат ворид шудаанд. Ҳамаи инҳо аз он далолат медиҳад, ки оид ба таъмини аҳолии пойтахт бо кор муаммоҳо мавҷуд аст. Бинобар шаҳри Тошканд танҳо 91 ҳазор нафар аз ҳисоби Бунёди корҳои ҷамоатӣ якдафъаина ва муваққатан ба кор ҷалб гардидаанд, дар ин бобат аз имкониятҳои мавҷуда истифода намешавад. Аз рӯйи ҷамъбасти нимаи аввали соли равон шумораи аҳолии ғайрирасмии бо шуғл фарогирифташуда беш аз 141 ҳазор нафар аст.
Таъкид шуд, барои молиясозии корҳое, ки иҷрояшон дар доираи барномаи омода кардани хонаҳои бисёрқабатаи пойтахт мебошад, ба мавсими тирамоҳу зимистон қариб 158 млрд. сӯм вом ҷудо гардидааст. Аммо аз нисф зиёди вазифаҳои муайяншуда сари вақт иҷро нашудаанд. Хусусан, корҳои ин соҳа дар ноҳияҳои Яшнобод, Чилонзор, Сергелӣ, Бектемир ва Шайхонтаҳур ба қафо андохта шудааст. Ба ғайр аз ин, аз 1440-то ширкати мулкдории хусусии хонаву манзили шаҳри Тошканд 304-тояш ба сабаби ғайриқаноатбахш будани аҳволи молиявӣ вомҳои имтиёзнок нагирифтаанд. Аксарияти онҳо дар ноҳияҳои Миробод, Шайхонтаҳур, Чилонзор, Сергелӣ ва Юнусобод ҷойгир шудаанд.
Дар маҷлисҳои муштараки воқеъшуда ба Девони Вазирон ва ҳокимияти шаҳри Тошканд тасдиқ ва амалисозии «Харитаҳои роҳ», ки ба ҳалли масъалаҳои ноҳияҳо, ки дар дараҷаи ҷумҳурӣ ва шаҳри Тошканд нигаронда шудаанд, супориш дода шуд.
Дар маҷлисҳои муштарак яке аз мавзӯъҳои муҳими рӯз – масъалаи барқарорсозии хӯрокхӯрии дуруст ва тарзи ҳаёти солими аҳолӣ алоҳида муҳокима гардид.
Чунонки дар брифинг таъкид шуд, дар маҷлисҳои муштараки ҳамаи ноҳияҳои пойтахт вазифаи пурзӯр кардани назорат аз ҷониби депутатҳо ва ҷамоати аҳолӣ, дар шаҳри Тошканд намунавӣ гузарондани чорабиниҳои бахшида ба тӯю ҳашам, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо, хотираи марҳумон муайян гардид.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: