НАМУНАҲО АЗ «АХЛОҚИ МӮҲСИНӢ»

Дар саховату эҳсон

Саховат сабаби некномӣ ва эҳсон муъҷиби дӯсткомиву хуҷастафарҷомӣ аст. Ва ҳеҷ сифате одамиюнро ва хусусан ашрофу бузургони эшонро беҳ аз саховату эҳсон нест.
Дар китоби «Ҷавоҳир-ул-иморат» овардаанд, ки чун Ҳотам вафот кард, ӯро дафн карданд, қазоро қабри ӯ дар маҳале воқеъ шуда, ки селроҳа буд. Вақте борони азиме борид ва сели ҳавлнок биёмад ва наздик буд, ки қабри Ҳотам вайрон гардад. Писараш хост, ки қолаби ӯро ба мавзеи дигар, ки аз офат эмин бошад, кӯчонад.
Чун сари турбат боз карданд, ҳама аъзои ӯ аз ҳам рехта буд. Илло дасти рости ӯ, ки ҳеҷ навъ тағйире надошт. Мардум аз он ҳол мутааҷҷиб шуданд ва аз чунин сурат дар шигифт монданд. Пири соҳибдиле дар миёни назораткунандагон буд, гуфт: «Эй мардумон, аз ин маънӣ мутааҷҷиб машавед ва аз саломатии дасти Ҳотам аҷаб мадоред, ки ӯ бо ин даст атои бисёр ба  соилон дода буд, лоҷарам дар ҳимояи хайру карам ба саломат мондааст...

Дар эҳтиром

Овардаанд, ки яке аз мулук ба дидани дарвеше рафт. Он дарвеш дарҳол саҷда ба ҷой овард. Вазири шоҳ пурсид, ки он чӣ саҷда буд? Гуфт: 
« – Саҷдаи шукр». Ва дигарбора пурсид, ки барои чӣ шукр кардӣ? Гуфт:
« – Худойро сипос кардам барои он, ки султонро назди ман овард ва маро пеши султон набурд, ки омадани шоҳон назди дарвешон ибодат аст ва рафтани дарвешон ба даргоҳи шоҳон маъсият. Пас, чун Султонро тоате ҳосил шуду маъсияте аз ман содир нагашт, маҳалли шукргузорӣ ва сипосдорӣ бошад...»

Дар вафо ва аҳд

Рӯзе Исмоил бо дӯсте ҳамроҳ афтод ва он дӯст ба дари хонаи худ расид.
Исмоилро гуфт: – «Ман ҳамроҳии туро дӯст медорам. Ваъда кун, ки бо ман дар ин мавзеъ биншинӣ, то ман ба хона дарун равам ва муҳиме дорам бисозам ва филҳол берун оям». Исмоил ваъда кард ва он ҷо биншаст. Он мард ба хона даромад ва ӯро муҳиме куллӣ афтод ва аз ваъдаи худу Исмоил фаромӯш карда, ба чораи кори худ машғул шуд. Хонаи ӯ роҳи дигаре дошт, аз он ҷо берун рафт. Баъд аз се рӯз ба он мавзеъ расид, Исмоилро дид бар дари хона нишаста.
Гуфт: – «Эй самари шаҷари дӯстӣ, ин ҷо чӣ нишастаӣ?» 
Гуфт: – «Аз он вақт, ки маро ба ваъда ин ҷо нишондаӣ, нишастаам ва дидаи интизор бар роҳи муовадати ту ниҳода».
Гуфт: – «Чу ман наёмадам, ту чаро нарафтӣ?»
Гуфт: – «Ваъда карда будам, раво надоштам, ки хилоф кунам ва агар муддатҳо ту намеомадӣ, ман ин ҷо менишастам ва аз сари кӯй намерафтам...
Аз ӯҳдаи аҳд агар бурун ояд мард,
Аз ҳарчӣ гумон барӣ фузун ояд мард.

Таҳияи 
Нодира ҚИЛИЧЕВА,
омӯзгори мактаби миёнаи рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: