Намунаҳо аз «Дуррулаҷоиб»

Дар покизасозии зоҳиру ботин

Овардаанд, ки Ҳақсубҳона ва таъоло ба Сулаймон (а) ваҳӣ кард, ки ё Сулаймон, туро бо се чиз васият мекунам, албатта, онҳоро ба ҷой биёр. Аввал ғайбати мардумон макун, дуюм ба ҳеч кас зулмро раво мабин, сеюм ба ҳеч кас ҳасад махӯр. Ҳар касе, ки ғайбату зулм кунад ва ҳасад хӯрад, ман аз вай безорам.

Дар накӯкориву хештаншиносӣ

Овардаанд, ки Луқмони Ҳаким писари худро васият карда гуфт: «Эй писар, се касро дар се вақт тавон шинохт: аввал ҳалимро дар вақти хашм, дувум баҳодурро дар вақти ҷанг, сеюм дӯстро дар вақти ҳоҷат».

Дар ҳарисиву ҷоҳпарастӣ

Овардаанд, ки рӯзе Исо (а) ба роҳе мерафт, се кас бо ӯ ҳамроҳ шуданд. Бар замини Шом расиданд. Ду хишт аз зар диданд, ки дар роҳ афтода. Исо (а) назар накарданд ва бигзаштанд. Он се кас ба тамаи зар биистоданд, он ду хишт зарро бигирифта равон шуданд ва меомаданд, ба деҳе расиданд. Якеро ба деҳ фиристоданд, ки хӯрдание биёр ва он ду кас, ки онҷо монданд иттифоқ карданд, ки ӯ биёяд овеземаш ва ҳар кадом як хиштӣ бигирем ва равон шавем. Он касе, ки ба таъом рафта буд, ба худ андеша кард, ки порае заҳр бигираму дар таъом созам ва бибараму дар пеши эшон биниҳаму гӯям: «Ман таъом хӯрдам ва сер шудам, шумоён бихӯред. Чун эшон таъоми заҳролуд, бихӯрданд, бимурданд ва ман ҳар ду хишти зар бигирам ва биравам». Чун таъом оварда дар пеши он ду кас бимонд, дарҳол он ду кас бархостанд ва ӯро бигирифтанду бикуштанд. Баъд аз он нишаста он таъомро бихӯрданд. Он ду низ бимурданд. Баъд аз замоне Исо (а) пайғамбар аз он ҷо бигзаштанд. Диданд, ки он се кас мурдаанд, аммо он ду хишти зар ҳамчунон истода. Исо (а) гуфтанд «Лаънат бар дунё бод, ки бо дӯстони худ чунин муомила мекунад».

Мураттиб 
Парвинҷон ХОЛИҚОВ,
омӯзгори мактаби миёнаи 
рақами 38-уми ноҳияи Нурато.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: