Сабақҳои умр
Сабақҳои умр
Дар ин дунё шоҳону саркардаҳо низ бо нафс ба ҷанг даромада, мағлуб шудаанд.
***
Ҳасад ба муваффақияти дигарон азову мотам аст.
***
Айби ҳеч касро беҳтару бештар аз худи ӯ намедонад.
***
Ба ман касе писанд нест, пас ман ҳам писанди ҳеч кас нестам.
***
Баъзан қарз дода аз ду чиз маҳрум мешаваӣ: аз пул ва аз дӯст.
***
Ҳарчанд сарватат зиёд аст, қабри худро бо барқ чароғон карда наметавонӣ.
***
Одамоне, ки чеҳраашон кушод, ситораашон гарм, чашмонашон дурахшон ва хоксоранд, намедонанд, ки чӣ қадар одамони хушбахтанд.
***
Аз шаш чиз одамон парҳез намекунанд: пулу мол, амал, мукофот, таоми хушмаза, либоси хуб ва лаззати ишқ.
***
Дӯст ҳар қадар зиёд бошад, хуб аст, аммо ба ҳамаи онҳо такя кардан наметавон.
***
Агар ҷойи аспро мегирифт, касе асп парвариш намекард.
***
Ибодати одамони чашмонашон бозу дилашон кӯр ниқоб барои қонеъ кардани нафсашон аст.
***
Қаламкаши тарсу аробакаши аробаи холист.
***
Агар Ҳақ маъруф нагардонад, халқ иқрор намешавад.
***
Ҷасорат қумондони тамоми эҳсосот аст.
***
Дурустии тарозуи адолат ба тарозубон вобаста аст.
Сайфиддин ИНОЯТОВ,
омӯзгори собиқадор
аз деҳаи Хуррамободи ноҳияи Риштон.
Масъуди МИРЗО
Рӯҳу равонамӣ
Оре, ҳанӯз зеботарин ёри ҷавонамӣ,
Сабзинаи вораста аз дасти хазонамӣ.
Хуршеди беғуруби ман, рӯзои рӯшанам,
Шабҳои пурситораам, моҳи шабонамӣ.
Аз исми туст исмати домони умри ман,
Авҷи азони масҷиди рӯҳу равонамӣ.
Фаррухрисолатам ман аз фарҳанги
ишқи ту,
Ман Ораши муҳаббатам, тири камонамӣ.
Ширинтарин ҳикоятӣ аз саргузашти ман,
Ҳусни калом, нури паём, қанди забонамӣ.
Аз ҳастии ту инчунин зебост зиндагӣ,
Аржанги зиндагониям, ҳусни ҷаҳонамӣ.
Бо ман ту аз дасисаи ғаммоз эманӣ,
Ҷойи ту нест дар барам, дар ҷойи ҷонамӣ!
Эй дурри дур, аз кафам бар дил
фитодаӣ,
Эй рафта аз назар ба дил,
ганҷи ниҳонамӣ.
Пас аз Худову модарам,
эй ганҷи ранҷи дил,
Дар олами номеҳрубон ту меҳрубонамӣ.
Эй орзуи ман
Мабод он, ки кунад аз марг розӣ,
Карантинҳои асливу маҷозӣ!
* * *
Дар дида шавқи оташин,
Дар дил умеди қанд.
Мошинсавор меравам бо суръати баланд,
Дар шоҳроҳи тозаи Фарғонаву Хуҷанд.
Марзбон ба посгоҳ
Бар сафҳаи паспорти ман мӯҳри
«гузар» ниҳод.
Бо ин шиносномаам гӯё маро шинохт.
Гуфто «Хуш омадӣ!»
бо лаҳни якнавохт.
Дар ду ва ё се соате
тай шуд бегазанд,
Фосилаи ҷуғрофии Фарғонаву Хуҷанд...
Аммо дареғ,
дар дидаам аз шавқи оташин,
Дуди ғализи ғуссаи талхи ҷудоӣ монд.
Аз орзуи қанд
Чанд қатра ашки талх
дар реги рӯди Сир,
Дар деги осмон
Фарёди гунги қиссаи талхи ҷудоӣ монд...
Посбони қалби ту
Бар ман, ки дер омадам изни гузар надод.
В-ин дил ба ҷуз муҳаббати чилсолааш дигар
муҳру санад надошт...
Эй орзуи ман,
Аз шаҳри Ман то шаҳри Ту
Фосила як қадам.
Аммо ба ин, ки меравам як умр сӯйи ту
То ту намерасам,
То ту намерасам...
ш.Фарғона
Мухаммас бар ғазали Лоиқ
Аҳд карда, бишканӣ паймон чаро?
Қалбҳоро мекунӣ бирён чаро?
Одамонро мекунӣ сарсон чаро?
« Хонаат ободу дил вайрон чаро?
Мансабат доною худ нодон чаро?»
Ёрро месозӣ берун аз даре,
Аз қабоҳат ҷомаашро медарӣ,
Дӯстро бифрӯхта, душман харӣ,
«Аз сари минбар ба гардун мепарӣ,
Пушти минбар музтару ҳайрон чаро?»
Ҷой бигрифта ба хунат манманӣ,
Мардуми нодорро наҳ мезанӣ,
Хушзабонӣ созӣ бо шахси ғанӣ,
«Бо кабирон хандаҳоят равғанӣ,
Бо сағирон ин қадар явғон чаро?»
Баски ҳастӣ зишткору ҷоҳиле,
Дур аз худ созӣ шахси оқиле,
Ёфтӣ дар умри худ оё диле?
«Бебаҳоӣ дар сари маснад, вале
Чун сабукдӯшат кунанд, арзон чаро?»
Баски бошӣ бодахору бесаре,
Паст донӣ қадри кас аз соғаре,
Ту надонӣ одаму одамгарӣ,
«Дар баландиҳо чунин пастигарӣ,
Ошноият ба ошу нон чаро?»
Менамоӣ ҷамъ то кай сарвате?
Дорӣ дар дил ҳирси молу давлате,
Хоҳӣ осон биншинӣ бар маснаде,
«Ҳеҷ пурсидӣ зи худ дар хилвате,
Ин ҳама чунин чаро, чунон чаро?»
Расулбеки АҲМАДЗОД,
ноҳияи СӮХ.
Боғи биҳишт
Бисабз, эй Сӯх, эй боғи биҳиштам,
Ки сарҷӯи ту хатти сарнавиштам.
Муҳаббат бор пеши чашмам овард,
Ба дил чун донаи меҳри ту киштам.
Гулистонӣ, гулафшонӣ ту, эй Сӯх,
Шукуфоӣ, шукуфонӣ ту, эй Сӯх.
Пур аз бӯйи баҳориву ҳама фасл,
Баҳори ишқу армонӣ ту, эй Сӯх.
Гар аз ту меравам, зори ту мирам,
Ба ёди деҳи Ҳушёри ту мирам.
Чӣ лозим шаҳрёрӣ дар дигар мулк?
Беҳ он ки зери девори ту мирам.
Суханҳоям равон сӯйи дили туст,
Ғазалҳоям фурӯғи маҳфили туст.
Ба дунё хонаи уммед агар ҳаст,
Ҳамон, бешубҳа, дар сарманзили туст.
Бисабз, эй Сӯх, эй боғи биҳиштам,
Ки сарҷӯйи ту хатти сарнавиштам.
Муҳаббат бор пеши чашмам овард,
Ба дил чун донаи меҳри ту киштам.
Садриддини ҲУШЁРӢ,
ноҳияи СӮХ.