Нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Тошканд бо автобусҳои нав пурра мегардад

  • Нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Тошканд бо автобусҳои нав пурра мегардад

Президент Шавкат Мирзиёев 13 декабр аз саройи автобуси №18 ҷамъияти саҳҳомии «Тошшаҳартрансхизмат» дидан намуд.

Низоми пешрафтаи нақлиёти ҷамъиятӣ яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини ҳаёти шаҳр мебошад. Аммо дар шаҳри Тошканд ин соҳа ба талаботи имрӯза ҷавоб дода наметавонад. Аз ҷумла, солҳои охир бисёр биноҳои истиқоматӣ сохта, шумораи аҳолӣ афзуд, ҳудуди шаҳр васеъ гардид. Ҳар рӯз аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахт 1 миллиону 300 ҳазор нафар одамон истифода мебаранд.

Барои қонеъ кардани ин талабот дар системаи «Тошшаҳартрансхизмат» автобусҳо намерасанд. Аксари онҳо кӯҳна шудаанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар хатсайрҳо аз меъёр 90-100 автобус кам ҳаракат мекунад. Афзалияти ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар кӯчаҳо риоя карда намешавад. Дар натиҷа мусофирон 20-30 дақиқа автобусҳоро интизор мешаванд.

Сарвари давлатамон ин вазъро шадидан танқид карда, таъкид дошт, ки ба ин, бахусус дар чунин ҳавои сарди имрӯза набояд роҳ дод. Ба ин муносибат дастур дода шуд, ки ба реҷаи пурзӯри кор гузашта, ҳарчӣ зудтар дар хатсайрҳои маъмултарин ҳаракати автобусҳои иловагӣ ба роҳ монда шавад.

Ба ин кор автобусҳои корхонаҳои хусусӣ низ ҷалб карда мешаванд. Ба як қисми хароҷоти онҳо субсид медиҳад. Кормандони хидмати бехатарии ҳаракат дар роҳ барои афзалияти ҳаракати автобусҳо чораҳо меандешанд.

Инчунин супориш дода шуд, ки самаранокии ҳамлу нақл ва сифати хидматрасонӣ таъмин карда, музди меҳнати ронандагон зиёд карда шавад.

Дар ин ҷо ҳамчунин муаррифии нақшаҳои рушди нақлиёти ҷамъиятии Тошканд баргузор шуд. Зимнан зикр гардид, ки соли равон 277 автобус ва автобуси барқӣ харидорӣ ва мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Низоми идоракунии ҳаракати автобусҳо ва системаҳои пардохт рақамӣ карда шудаанд.

Имрӯз «Тошшаҳартрансхизмат» ба 142 хатсайр хизмат мерасонад. Дар асоси пешгӯии афзоиши интиқоли мусофирон шабакаи нави нақлиёти ҷамъиятӣ, ки аз 167 хатсайр иборат аст, ташкил карда шуд. Барои таъмини ин хатсайрҳо ва пурра таъмин намудани эҳтиёҷоти нақлиёти ҷамъиятии Тошканд боз 1000 автобуси калонҳаҷм лозим аст. Ба туфайли ин фосилаи ҳаракатро то 7-10 дақиқа кам кардан мумкин аст.

Президент саройи автобусро аз назар гузаронд. Ин корхона дар 22 хатсайр дар як шабонарӯз ба 74 ҳазор мусофир хизмат мерасонад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: