НАҚҚОШ ВА ПЕДАГОГИ МОҲИР

Дар толори намоишии Академияи бадеии Ӯзбекистон бахшида ба ёдбуди мусаввир Ҳаким Мирзаҳмедов намоишгоҳе таҳти номи «Зиндагӣ» дари худро боз намуд.

Дар толори намоишии Академияи бадеии Ӯзбекистон бахшида ба ёдбуди мусаввир Ҳаким Мирзаҳмедов намоишгоҳе таҳти номи «Зиндагӣ» дари худро боз намуд.
Дар намоишгоҳ беш аз 250 намунаи эҷоди наққош, ки дар солҳои гуногун офарида шудаанд, ба маъраз гузошта шудааст. Дар онҳо манзараҳои нотакрори кишвар, фаслҳои сол, намои шабу рӯз, маҳтобшаб, тулӯи хуршед, неъматҳои замини ҳосилхези кишвар, ёдгориҳои меъморӣ ва лавҳаҳои гуногуни олами ҳастӣ инъикос ёфтаанд.
Осори ба маъразгузоштаи мусаввир: «Баҳори Яккатут», «Субҳи зимистони Кумушкон», «Тирамоҳ дар Бойсун», «Шоҳимардон», «Зимистони Нанай», «Зимистони Тошканд», «Баҳор дар кӯҳистон», «Фарорасии баҳор», «Ғелони офтобӣ», «Шоми кӯҳистон», «Шоми зимистон», «Чойхонаи шабона», «Шоми моҳтобӣ», «Баъди борон», «Шоми меғолуд», «Исфара», «Бозгашти пода», «Дамидани субҳ», «Дар сояи девори қадимӣ» ва намунаҳои дигари маҳсули мӯйқалами ӯ хаёлангез буда, ба бинанда як олам завқ мебахшанд.
Ҳаким Мирзаҳмедов соли 1950 дар шаҳри Душанбе дида ба дунё кушудааст. Баъди ба вилояти Фарғона кӯч бастани оила соли 1976 шуъбаи рангтасвири Омӯзишгоҳи наққошии ба номи П. Бенкови Тошкандро хатм менамояд. Ҳамон сол ба шуъбаи деворнигораи  Институти давлатии наққошии ба номи Сурикови Маскав ҳуҷҷат месупорад ва таҳти роҳбарии К. Тутевол нозукиҳои ин бахши наққоширо меомӯзад.
Узви Иттиҳодия эҷодкорони Академияи бадеии Ӯзбекистон  Ҳ. Мирзаҳмедов соли 2016, ба замми ғолиби озмуни «Беҳтарин наққоши сол» гардидан, сазовори мукофоти миллии «Эътироф» дониста шудааст.
Педагоги моҳир тӯли солҳои 1982-2012 дар шуъбаи рангтасвири коллеҷи наққошии ҷумҳуриявии пойтахт, дар баробари ба ҷавонон асрори ҳунар омӯхтан, дар тарбияи наққошони шинохтаи кишвар саҳм гузоштааст.
Наққош моҳи ноябри соли 2020 бар асари беморӣ дунёи фониро тарк гуфт. Осори ба ёдгормондаи наққоши касбӣ аз меҳри беандозаи ӯ ба жанри рангтасвир дарак медиҳанд.

Ҳасан 
АБДУНАЗАРОВ.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: