НАҚҚОШЕ, КИ ИСТЕЪДОДИ МОДАРЗОД ДОШТ

Дар фарҳангҳо ибораи наққоши азал ба маънии Худо омадааст.

Наққош, яъне мусаввир. Шоҳаншоҳи ҳаждаҳ ҳазор олам на танҳо мусаввир, балки шоир низ ҳаст. Ҳанӯз як шоири дунё дар баробари шеъри дарё, кӯҳ, дашту даман, беша, субҳу шом, мурғони хушхон, хуршед, моҳу ситора ва дигар офаридаҳои пурбадеи Ӯ шеъре нагуфтааст. Тамоми наққошони дунё дар пайравӣ ба наққошиҳои наққоши азал нақшҳои нотамом офаридаанд. Чаро нотамом? Зеро наққошиҳои онҳо нусхаи нотамоми тасвирҳои  наққоши азал будаанд. Пеши назар орем, яке аз наққошиҳои наққоши азал — одам мавҷуди зинда аст, ҳарф мезанад, шодию хурсандӣ мекунад... Вале инсон дар наққошиҳои мусаввири воқеӣ мавҷуди берӯҳ аст, ҳарф намезанад, дар як ҳолати сахтшуда ба назар мерасад. Бигирем, наққошиҳои намояндаи аҳди Эҳё, мусаввири итолиёӣ Рафаэлло, Монӣ ва Камолиддин Беҳзоди Шарқро. Наққошиҳои онҳо гарчи дар бадан ҷон надоранд, вале ҳолати равонии инсонҳои замони  худро ба ояндагон интиқол дода тавонистаанд. Умари Хайём дар як рубоии фалсафиаш ба наққоши азал ва нақши Ӯ, яъне худаш ишора  кардааст:
Ҳарчанд ки рангу рӯйи 
зебост маро,
Чун лола руху чу сарв 
болост маро.
Маълум нашуд, ки дар 
тарабхонаи хок,
Наққоши азал баҳри чӣ 
орост маро.
Наққоши халқии Ӯзбекистон, шодравон Рӯзӣ Чориев аз мониқаламоне буд, ки як умр кӯшиш ба харҷ дод дар пайравӣ ба нақшҳои наққоши азал тасвирҳои мондагор офарад. Ӯ дар деҳаи кӯҳии Пошхӯрди риштакӯҳҳои Кӯҳи Танги воҳаи Сурхон дида ба дунё кушодааст. Қисмат аз хурдсолӣ ба сари ӯ дасти навозиш наниҳод. Хеле барвақт аз падару модар маҳрум гардид. Дар он солҳо бепарстормондагонро хонаҳои меҳрбонӣ ба оғӯши гарми худ мегирифтанд. Овони кӯдакии наққоши оянда дар яке аз хонаҳои меҳрбонӣ сипарӣ гардид. Ишқи нақш офаридан дар ин маскан дар дили ӯ лона гузошт. Мураббӣ истеъдоди модарзодашро пай бурда, ӯро ба олами рангҳо ворид намуд.
Наққошонеро, ки бино ба ихтисос мактаберо хатм намудаанд, наққоши касбӣ меноманд. Рӯзӣ Чориев, баъди хатми мактаби миёна дар хонаи меҳрбонӣ, ду мактаби наққошӣ — Омӯзишгоҳи наққошии ба номи Бенкови Тошканд ва Институти рангтасвир, пайкарасозӣ ва меъмории  ба номи И. Репини Санкт-Петербург (Ленингради собиқ)-ро хатм намуд. Овони донишҷӯйӣ дили ӯро Мария ном духтари рус тасхир кард. Онҳо дертар издивоҷ карданд. Худо барояшон фарзандони ширинтар аз шаҳду шакар — як духтари нозанин ва як писари баҳодурро ҳадя намуд. 
Наққоши мониқалам дар назди метрои «Буюк ипак йӯли» хонаи эҷодие дошт, ки қисмати зиёди умраш дар ин ҷо пайи офаридани  нақшҳои тоза сипарӣ гардидааст. Суҳбати аҳли адаб Абдулло Орифов, Шукур Холмирзоев, Рауф Парфӣ, Усмон Азим, Нодир Норматов, наққошон Неъмат Қӯзибоев, Исфандиёр Ҳайдаров, Азамат Ҳотамов ва дигар чеҳраҳои шинохта дар хонаи эҷодии ӯ метафсид.
Осори тавассути рангҳои рӯшан офаридаи наққоши чирадаст манзараҳои нотакрори воҳаи Сурхон ва сартосари Ӯзбекистонро ба оламиён борҳо муаррифӣ намудаанд. Намоишгоҳҳои осори ӯ дар ноҳияҳои мамлакат, ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ, Шветсия, Белгия, Кипр, Олмон, Афғонистон, Туркия ва дигар кишварҳои ҷаҳон баргузор ва дар осорхонаю галереяҳо гузошта шудаанд.
Дар осори мусаввир урфу одат, арзишҳои миллӣ, тарзи либоспӯшии деҳотиён, ашёи ҳунармандии халқ, одамони меҳнатӣ, кӯҳҳои сарбаланд, паҳнаҳои кишвар... рӯшан инъикос ёфтаанд. Наққош дар портретофарӣ низ дасти тамом дошт. Беҳзоди аср дар офаридани портрети бисёр адибон, ҳунарпеша ва олимон саҳм гузоштааст. Мусаввири рангинхаёл тавассути рангҳо дар ин гуна портретҳо, баробари олами зоҳирӣ, дунёи ботинии ҳамдиёронашро низ тасвир намудааст. Мо ба онҳо нигариста ҳолати равониашонро низ ҳис мекунем.
Наққошон ва пайкарасозони кишвар Азамат Ҳотамов, Қудрат Асроров, Худойшукур Мамадалиев, Турсунбой Шоймардонов, Турсунбой Ӯроқов, Сувонқул Аҳмедов, Искандар Шоймуродов, Олим Қодиров ва даҳҳо тани дигар бо камоли ифтихор худро шогирд ва пайрави Рӯзӣ Чориев меҳисобанд.
Ҳарчанд наққош ҷисман аз байни мо рафтааст, вале тавассути наққошиҳои ҷаззобаш рӯҳан бо мост. Тасвирҳои ӯ ба забони ҳол мегӯянд: наққоше моро тарк намудааст, ки дунёи ғанию зебое дар ботин дошт.
Ҳукумат хидматҳои наққошро дар бахши санъати тасвирӣ сазовор қадр намуд. Ӯ Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон, Рассоми мардумии Ӯзбекистон, академики Академияи бадеии Ӯзбекистон ва лауреати Мукофоти давлатӣ мебошад, бо ордени «Эл-юрт ҳурмати» сарафроз гардонда шудааст.

А. СУБҲОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: