Зебо Шарифова яке аз рассомони соҳиби услуб ва мактаби хос мебошад.
Намоиши шахсии асарҳои ӯ, ки «Нур ва соя» ном дорад, дар Галереяи санъати Ӯзбекистон аз 4 то 25-уми апрели соли ҷорӣ давом мекунад.
Зебо фарзанди Бухорои шариф. Ӯ аввал дар омӯзишгоҳи рассомӣ ва мусиқии Бухоро, баъд дар Донишкадаи театр ва рассомии Тошканд аз устодон Неъмат Қӯзибоев ва Николай Пак асрори рассомиро меомӯзад.
– Намоиши навбатиамро ба хотири поки бобокалонам, фарзанди арҷманди халқи тоҷик Шарифҷон Махдум Садри Зиё бахшидам, – мегӯяд Зебо. – Ман аз он ки авлоди ин шахси бузургам, ифтихор дорам.
Дар намоиш зиёда аз 20 асаре, ки маҳсули эҷоди солҳои охир аст, ба эътибори ҳаводорони санъат гузошта шудааст.
Қисми асосии асарҳои Зебо ба жанри портрет тааллуқ дорад. Ҷиҳати ба худ хоси эҷодиёти ӯ дар он аст, ки қаҳрамони асосии портретҳояш худи муаллиф мебошад.
Зебо Шарифова аз соли 1995 ин ҷониб дар намоишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ иштирок мекунад. Ӯ узви Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон. Зебо дар озмуни рассомони ҷавон ғолибиятро дар самти «Рассоми беҳтарин» ба даст даровардааст. Бо медали биринҷии Фарҳангистони бадеӣ ва «Шуҳрат» тақдиронида шудааст.
– Рассом бояд барои халқ эҷод кунад,– мегӯяд рассоми номвар. – Ман дар портретҳо кӯшиш мекунам, ки дар қиёфаи зоҳирии қаҳрамон олами ботинии ӯро инъикос намоям.
Портрети Садри Зиё, ки аз пештоқи намоишгоҳ ҷой гирифтааст, тасдиқкунандаи гуфтаҳои Зебо буданд... Нигоҳи дурахшони қаҳрамон аз маърифатпарвару дурандеш будани ӯ дарак медод.
Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».