НАҚША БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Кирмакпарварони вилояти Сурхондарё аз 35 ҳазору 547 қуттии кирмаки абрешим зиёда аз 2 ҳазору 280 тонна абрешими босифат ҷамъоварӣ намуда, аввалин шуда дар миқёси ҷумҳурӣ нақшаи солонаро барзиёд иҷро намуданд.

Пӯшида нест, ки барои парвариши пилла иқлими мусоиду таҷрибаи кофии пиллапарварӣ беҳад муҳим аст. Ин ҳарду омил ҳам дар воҳаи Сурхон мавҷуд ва он имкон медиҳад, ки кирмакпарварони сурхондарёӣ ҳар сол аввалин шуда, нақшаи солонаро сарбаландона иҷро намоянд. Дар айни замон дар вилоят тариқи хоҷагиҳои фермерии тутпарварӣ 3 миллиону 800 ҳазор, кластерҳо 2 миллиону 900 ҳазор ва хоҷагиҳои назди ҳавлигии аҳолӣ 6 миллион дарахти тут парвариш карда мешавад. Дар ин бобат боғбонони заҳматкаши воҳа соҳиби таҷрибаи бой ҳастанд. Аз азал онҳо ба ин навъи растанӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд ва яке аз манбаъҳои даромад ҳам меҳисобанд, ки дуруст аст. Пас маълум мешавад, ки дар вилоят зиёда аз 12 миллиону 700 ҳазор дарахти тут парвариш карда мешавад.
Барои ривоҷ додани соҳаи пиллапарварӣ 3 майи соли ҷорӣ Фармони Президент «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагии рушди парвариши пилла ва ҷорӣ намудани механизми бозори соҳаи абрешим» ба имзо расид, ки дар асоси он як қатор навгониҳо ба соҳа ворид гардид ва ба пиллапарварон низ имтиёзҳо дода шуд. Аз ин сабаб соли ҷорӣ корхонаи абрешимпарварии вилоят бо 3 ҳазору 880 то хоҷагии фермерӣ, ки 23 ҳазору 550 нафар пиллапарвари моҳир дорад ва боз 8 ҳазору 560 хонакорҳо шартнома имзо карда, натиҷаи дилхоҳ ба даст овард. Ба ивази меҳнати шабонарӯзу ҳалоли пиллапарварон  аз ҳар қуттӣ кирмак ба ҳисоби миёна 60 кг абрешими босифат ҷамъоварӣ гардид. Ҳоло ғунучини пилла ва супоридани он ба нуқтаҳои қабул бо суръат идома дорад.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: