НАҚШАИ ПАХТАСУПОРӢ САРБАЛАНДОНА ФАТҲ ШУД

Коргарони хоҷагии фермерии “Фар-Расулҷон” ҳамон рӯз иду тантана доштанд.

Коргарони хоҷагии фермерии “Фар-Расулҷон” ҳамон рӯз иду тантана доштанд. Хоҷагӣ нақшаи солонаи супурдани пахтаро сарбаландона иҷро кард. Дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагӣ деги калон гузоштанд ва ошу шӯрбо пухта шуд. Табъи аъзои хоҷагии фермерӣ чоқ ва дар чеҳраҳо ҳисси шодиву нишот ҳувайдо буд.

– Қарор карда будем, ки рӯзи фатҳи марра як гӯсфандро сар мезанем ва шодиву хурсандӣ мекунем. Зеро барои расидан ба ин мақсад коргарони хоҷагии фермериамон талоши зиёд ба харҷ доданд. Мо бо истифода аз обу ҳавои мусоид фатҳи марраро таъмин кардем. Бубинед, ки ҳамаи коргарон хурсанду хушҳоланд, – гуфт бо ифтихор роҳбари хоҷагии фермерии “Фар-Расулҷон” Рустам Абдураҳмонов.
Ин хоҷагӣ соли равон ба 17 гектар пахта кишта, онро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ парвариш намуд. Дар натиҷаи меҳнати пурсамар ҳосили дилхоҳ ба даст омад. Хоҷагӣ аз ҳар гектар 34 сентнерӣ “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намуда, ба хирмани кластери “Баҳодир-Лоғон” супурд.  Ҷамъи ҳосил аз сад тонна гузашт.
– Ҳоло боз ҳудуди даҳ тоннаи дигар ҳосил боқӣ мондааст. Онро низ дар рӯзҳои наздик ҷамъоварӣ карда, баъд ба кишти ғаллаи тирамоҳӣ машғул мешавем. Кластер барои ҳар як килограмми пахтаи чидашуда ба  коргаронамон ҳазор сӯмӣ пардохт. Ин маблағ дар ҳар панҷ рӯз ба дасти онҳо мерасид. Дар чиниши якуми майдонҳои пахта мо аллакай 70 дарсади нақшаро убур кардем. Ҳоло боз тамоми қувваро барои ҷамъоварии  ҳосили пахтаи боқимонда сафарбар мекунем, – мегӯяд Рустам Абдураҳмонов.
Як қисми майдонҳое, ки хоҷагиҳои фермерии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қаротеппаи ноҳияи Ёзёвон дар он ба кишту парвариши пахтаву ғалла машғул мешуданд, ҳоло ба боғзорҳои серҳосил табдил ёфтааст. Хоҷагии фермерии “Фар-Расулҷон” низ ду гектар боғ парвариш мекунад ва ба дастархони мардум меваҳои тару тоза пешкаш менамояд.  
Ба гуфтаи Рустам Абдураҳмонов ҳосили имсолаи ғаллаи хоҷагии фермериашон низ мувофиқи табъ буд. Онҳо дар 26 гектар ба кишту парвариши ғалла машғул шуданд. Аз ҳар гектари ғаллазор чиҳил сентнерӣ ҳосили хушсифати гандум ба даст оварданд.
Дарвоқеъ, хоҷагии фермерии “Фар-Расулҷон” дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қаротеппа яке аз аз хоҷагиҳои пешқадам муаррифӣ шудааст.  Соли гузашта ин хоҷагӣ ҳудуди 200 миллион сӯм фоидаи соф ба даст овард.
– Ҳисобу китобҳои муқаддамотӣ нишон медиҳанд, ки хоҷагии фермериамон соли равонро бо 570 миллион сӯм даромад ҷамъбаст хоҳад кард. Аз ин шумор фоидаи соф 240 миллион сӯмро ташкил хоҳад кард. Барои хоҷагии фермерии мо ин бурди калон ҳисоб меёбад, – мегӯяд сардори хоҷагии фермерӣ Рустам Абдураҳмонов.
Дар айни ҳол хоҷагии фермерии “Фар-Расулҷон” соҳиби ту трактори ТТЗ-28 ва Т-28 мебошад. Аҳадулло Маназаров, Наинҷон Икромов ва Саидҷон Саидазимов аз оғози мавсими кишту парвариши зироатҳои пахтаву ғалла то ҷамъоварии ҳосил машғули меҳнат мебошанд. Зеро аз миробиву шудгоркунӣ ва нарм кардани бехи ниҳолҳои пахта сар карда, то ҷамъоварии ҳосил ва ба хирман интиқол додани он заҳмат мекашанд.
– Ин мардони майдон ҳар сол аз ҳамин ҳисоб зиндагии аъзои хонаводаашонро таъмин мекунанд. Кластери “Баҳодир-Лоғон” маоши онҳоро сари вақт мепардозад, – изҳор кард Рустам Абдураҳмонов.
Ҷамъи коргарони доимии хоҷагии фермерӣ аз 48 нафар иборат аст. Султонпочо Шарипова, Одинахон Мараҷабова, Фотима Олимова, Замира Исоқова ва Мақсуда Дадаҷонова аз коргарони пешқадами ин хоҷагии фермерӣ маҳсуб меёбанд. Маълум шуд, ки дар ин рӯзҳои ҷамъоварии ҳосили пахта онҳо  рӯзмарра 120-150 килограммӣ пахта мечинанд.
– Падарам тамоми умри худро ба кори кишоварзӣ бахшидаанд ва моро аз ҳамин ҳисоб хӯрондаву пӯшонидаанд. Ман низ бо ҳамсарам Наимахон ба касбу кори деҳқонӣ рӯй овардаем. Соҳиби панҷ фарзанд мебошем. Талош дорем, ки фарзандонамон дар мактаб хубу аъло хонанд ва соҳибмаълумот шаванд, – мегӯяд Рустам Абдураҳмонов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: