Аллакай моҳи дуюми фасли тирамоҳ ба охир мерасад. Дар ин вақт мардуми маҳаллу деҳот саргарми ғунучини ҳосили пахта мегарданд. Деҳқону фермерҳо тамоми чорабиниҳои агротехникиро сари вақт иҷро карда, аз майдонҳо ҳосилро меғундоранд.
Кормандони хоҷагии фермерии «Султонбой» нақшаи солонаи пахтасупориро бомуваффақият иҷро карданд. Ба ин муносибат аз тарафи ҳокими ноҳия ба роҳбари хоҷагӣ Султонбой Султонов туҳфаи гаронбаҳо супурда шуд.
– Парвариши пахта аз ҳар як деҳқону фермер эътибору меҳнати зиёдро талаб мекунад. Ҳоло дар ҳар як ниҳол 15-20 дона ғӯза мавҷуд аст. Албатта, барои кушода шудани ғӯзаҳои пахта бояд ба пахтазор мунтазам об монд, вале заминро аз ҳад зиёд заҳ кардан даркор нест. Зеро намии бисёр ба ҳосили пахта зарар мерасонад. Дар ҳосилбандии пахта нақши чеканка мавқеи алоҳида дорад. Баъди он растанӣ аз сабзиш бозистода, бештар ҳосил мебандад. Бобати эҳтиёт кардани ғӯза аз зараркунандаҳо нуриҳои минералию органикӣ ва воситаҳои гуногуни дорувориро бояд сари вақт истифода бурд. Дар натиҷа пеши роҳи паҳн шудани кирми ғӯза гирифта мешавад,– мегӯяд Султонбой Султонов.
Гуфтан ҷоиз аст, ки деҳқонони асил аввали фасли баҳор дар 30 гектар майдон пахта корида ӯҳдадор шуда буданд, ки ба давлат 90 тонна ашёи хоми гаронбаҳо супоранд. Бо ин мақсад онҳо ба парвариши ниҳолҳо эътибори алоҳида дода, ҳосили фаровон рӯёнданд. Ниҳоят мавсими пахтачинӣ оғоз ёфту 170 нафар чинакчиён, ки дар се отряд муттаҳид шуданд, дар давоми ҳафт рӯз 96 тонна ҳосилро ҷамъ оварданд. Ҳамин тариқ, пахтакорони ҳимматбаланд 28 октябр ба аҳди худ вафо карданд. Дар пахтазори хоҷагӣ ҳоло ҳосил бисёр аст ва ҷараёни ғунучин давом дорад.
Дарвоқеъ, дар ноҳияи Сайҳунобод солҳост, ки асосан навъи пахтаи «Султон» кишт карда мешавад, ки ҳосили дилхоҳ медиҳад. Соли ҷорӣ низ дар зиёда аз 50 гектар замини пахтазори хоҷагиҳои фермерӣ ин навъи пахта кишт карда шуд. Дар заминҳои боқимонда навъҳои «Андиҷон-36», «Боёвут» ва «Наврӯз» коштанд.
Далер Азизов,
хабарнигори «Овози тоҷик»
Вилояти СИРДАРЁ.