Ғаллакорони ҳимматбаланди ноҳияи Қаравулбозор дирӯз дар вилоят аввалин шуда нақшаи шартномавии ба давлат фурӯхтани ғалларо иҷро карданд.
Имсол фасли баҳор барои деҳқонон табъи дил омад. Мусоидии обу ҳаво, риояи қатъии тадбирҳои агротехникӣ, эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва дарки ҷавобгарӣ нисбат ба вазифа барин омилҳо имконият дод, ки ҳосил фаровон шуда, он бармаҳал пухта расад.
Тайёрии ҳаматарафа ба мавсими дарав боиси дар панҷ рӯзи кор иҷро шудани нақшаи солона гардид. Фасли тирамоҳ дар 5 ҳазору 525 гектар майдон кошта шудани гандум, парвариши оқилона имрӯз ғаллакорони пуртаҷрибаро сарфароз гардонд. Ба ҷойи 13 ҳазору 525 тоннаи пешбинишуда 14 ҳазору 545 тонна гандум ба даст даромад. Гуфтан ҷоиз аст, ки имкониятҳои қулайи аз ҷониби сарвари давлат ба фермерон фароҳамовардашуда, хусусан бо нархи бозор баробар карда шудани нархи хариди давлатӣ имконият медиҳад, ки хоҷагиҳои фермерӣ аз ҷиҳати моддӣ бештар фоида бинанд. Баробари ин, ба ҳисоби худи хоҷагӣ гузошта шудани қисми назарраси ҳосил қисси нафъбинии деҳқононро меафзояд. Соли ҷорӣ дар 157 хоҷагии фермерии ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои «Ҷарқоқ», «Навбаҳор», «Бӯзачӣ» кластерҳои «Bukhara Agrocluster», «Ark Eko Tekstil», ки дар шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуд фаъолият доранд, навъҳои «Старшина», «Плавчанка», «Аср», «Гром», «Краснодарская-99» аз озмоиш гузаронида шуд. Истеҳсоли ғалла хусусан дар хоҷагиҳои фермерии «Назир Дилшод» (роҳбараш Назир Воҳидов), «Истиқлол» (сарвараш Ҳасан Рӯзиев), «Замир Амон» (фермер Субҳиддин Икромов), «Бӯзачӣ» (сардораш Мурод Исмоилов), «Ҳайдарполвон» (роҳбараш Шарофиддин Қурбонов) ва ғайра самаранок гардид. Нақшаи солона иҷро шуда бошад ҳам, ҳоло майдонҳои нодаравида зиёд аст ва ҷараёни дарави ҳосил бо муваффақият идома дорад. Дар он 70 комбайн ва бештар аз 80 техникаи махсус ҷалб шудааст. Ғаллакорон ният доранд, ки истеҳсоли ҳосилро дар майдонҳо ба 70 сентнерӣ расонанд. Дар майдонҳои аз ҳосил холигашта кишти такрорӣ сурат мегирад.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.