НАҚШАҲОИ БУЗУРГИ СОҲИБКОР

Содиқҷон Ҳасанов баъди хатми мактаби таълими умумӣ солҳои 1999-2006 дар зодгоҳаш ноҳияи Учқӯрғони вилояти Намангон, дар хоҷагии фермерии «Салимҷон» меҳнат карда, бештар таҷриба омӯхт.

 Ҷавони ғайратманд, дурандеш ва ташаббускор нағз медонист, ки ба меваву сабзавоте, ки дар кишвари офтобрӯямон мерӯянд, дар хориҷ низ талабот зиёд аст.
Вай солҳои 2006-2015 дар вилоятҳои Самарқанд ва Ҷиззах, бо ҳамкории соҳибкорони таҷрибанок ба хориҷ содироти чормағз ва кавракро ба роҳ гузошт.
Дар дашту саҳроҳои ноҳияҳои Чуст, Поп ва Косонсои вилояти Намангон каврак мерӯяд. Содиқҷон соли 2015 ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Барака мева саноат сервис»-ро ташкил намуда, меваҳои кавракро аз саҳроҳои ҳудуди вилоят ҷамъ оварда, ба содирот баровард.
Соли 2017 мувофиқи қарори ҳокими ноҳияи Чуст, аз саҳроҳои мавзеи Садачаи ноҳия 7 гектар замин ҷудо карда шуд. Дар 3 гектараш гармхона ташкил намуда кӯчатҳои навъи «Аламина»-и помидор ва парвариши қаламчаҳои кавракро ба роҳ гузошт. Инчунин тухмии картошка бо усули аэропоникаро ба роҳ монд. Кӯчатҳои аз қаламчаҳои растании каврак рӯёнидашударо ба саҳроҳои ноҳия шинонданд. Оре, растании каврак хусусияти давоӣ дошта, аз он бештар дар саноати фармасевтика истифода мебаранд. Инчунин мувофиқи шартнома ҳосили помидори дар гармхона рӯёнидаро ба Русия роҳӣ мекунанд.
Панҷоҳу чор ҳазор бех «Чандлер» ном навъи кӯчати чормағзро аз Туркия оварда, дар саҳроҳои Варзик ва Тӯрақӯрғони ноҳия шинонида ҳоло парваришашро ба роҳ гузошт.
Кормандони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Барака мева саноат сервис» меваи азнавкоркарди кавракро соли ҷорӣ ба Туркия 480 тонна, ба Италия 220 тонна фиристониданд. Соли 2019 аз ин ҳам зиёдтар ба хориҷ роҳи карданро ба нақша гирифтанд. Имрӯзҳо дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Барака мева саноат сервис» 70 нафар меҳнат мекунад. 
– Сарвари мамлакатамон ба фермер ва соҳибкорон имконият ва шароитҳои мусоидро фароҳам меовард. Ин бароямон фахру ифтихор мебахшад. Дар Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ бо ордени «Дӯстлик» сарфароз гардидам. Ин мукофот маро ба дучанд меҳнат кардан водор месозад, – гуфт Содиқҷон Ҳасанов.
Қобили қайд аст, ки ин соҳибкори чашмикордон дар ноҳияи Учқӯрғон таваллуд ёфта дар ноҳияи Чуст ба кишоварзӣ технологияи иноватсиониро ҷорӣ ва барои равнақи иқтисодиёти мамлакатамон саҳм мегузорад. Дар ин ҷода ба вай бурдбориҳо орзу менамоем.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: