НАҚШАҲОИ КАЛОНИ СОҲИБКОРЗАН

Дар мамлакатамон аз тарафи соҳибкорон корҳои васеъмиқёсе амалӣ мегарданд, ки барои ободии кишвар ва зисти фаровонии халқамон нигаронида шудаанд.

Дар мамлакатамон аз тарафи соҳибкорон корҳои васеъмиқёсе амалӣ мегарданд, ки барои ободии кишвар ва зисти фаровонии халқамон нигаронида шудаанд. Дар ин ҷода соҳибкорзанон ҳам пешсафу фаъоланд. Онҳо дар ҳама соҳа пешсафӣ карда, барои ривоҷи иқтисодиёти мамлакатамон саҳм мегузоранд.
Рӯзҳои аввалбаҳор буд. Аз рӯйи иҷрои вазифа роҳи ноҳияи Попро пеш гирифтем. Дар деҳаи Уйғури ноҳия гурӯҳи занон дар сехи дӯзандагӣ меҳнат мекарданд. Ба корхонаи хурди «Ҷаннатгул» Гулнора Муродуллоева сарварӣ менамуд. 30 нафар занон меҳнат мекарданд. Камина кӯшиш намудам оид ба фаъолияти меҳнатии роҳбари корхона чизе нависам.
– Ҳоло барои навиштанатон барвақт, барои ин ягон арзишнок коре накардаам, – гуфт Гулнора Муродуллоева.
Вай ба касби дӯзандагӣ аз бачагиаш шавқ пайдо кардааст. 
Дар оилаи омӯзгорон ба воя расида бошад ҳам, дӯзандагиро ихтиёр намуд. Дар идораи хоҷагӣ сехи дӯзандагӣ ташкил намуда, барои занон либосҳо истеҳсол намуд. Маркази таълими «Ҷаннати зиё» ташкил карда, барои духтароне, ки касби  дӯзандагиро ихтиёр кардаанд, сирру асрори ин касбро омӯзонд. Инчунин вай аз имконияти  дохилӣ истифода бурда, бо 15 нафар занон кор сар кард. Ҳоло сафи онҳо ба 30 нафар расидааст. Дар 15 номгӯй масолеҳи трикотажӣ барои занон ва бачаҳо ба бозори дохилӣ бароварда мешавад. 
Вале барои ҷойгир кардани мошинҳои дарздӯзӣ ҷой намерасид. Ин албатта, баҳри вусъати фаъолияти соҳибкорзан монеаҳоро ба вуҷуд меовард.
Ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов қабули соҳибкоронро ба роҳ гузоштааст, ки барои ривоҷи иқтисодиёти вилоят ҳисса мегузоранд. Дар қабули навбатӣ ба оилаи Гулнора Муродуллоева низ 80 сотих замин ҷудо карда шуд.
– Нақшаҳоямон калон аст. Рӯзҳои наздик сохтмони сехи дӯзандагиро ба роҳ мемонем. Оянда номгӯи маҳсулот зиёд намуда, ҷойҳои нави корӣ меофарем, – гуфт Гулнора Муродуллоева.

Шоҳида ДАМИНОВА,
вилояти Намангон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: