НАҚШЕ, КИ НУҲУФТАЕД, ПАРВОЗ ДИҲЕД!

Таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар кишварамон дар рушди таълими олӣ низ корҳои ибратбахш ба анҷом мерасанд.

Қарорҳои сарвари давлатамон «Доир ба қабул ба муассисаҳои таълими олӣ дар соли хониши 2018-2019» ва «Дар бораи чораҳои иловагӣ бобати баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълими олӣ ва таъмин кардани иштироки фаъолонаи онҳо дар ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд» далели фикри мост.
Мусоҳибаи мо бо проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори илмҳои физика-математика, профессор Аҳмадҷон СОЛЕЕВ дар бораи иҷрои қарорҳои мазкур ҷараён гирифт. 

– Аҳмадҷон Солеевич, агар суҳбатро аз пайдоиши донишгоҳ оғоз мекардем, мухлисони рӯзнома ба маълумоти муфид соҳиб мешуданд.
– Маъқул. Таърихи донишгоҳи мо аз давраи Темуриён сарчашма мегирад. Соҳибқирон Амир Темур ва ворисони ӯ бисёр мадраса-мактабҳо бунёд кардаанд, ки онҳо натанҳо маскани таълимдиҳандаи асосҳои дини ислом, инчунин илмҳои дунёвӣ низ буданд. Алалхусус, салоҳияти мактаби илмии мунаҷҷим Мирзо Улуғбек бузург аст. Мадрасаи ӯ дар майдони Регистон (бунёдаш солҳои 1417-1420) бидуни муболиға гаҳвораи тамаддуни Шарқ ва пойдевори дорулфунуни Самарқанд мебошад. Дар мактаби Мирзо Улуғбек алломаҳое чун Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Мавлоно Нафис, Лутфӣ, Қозизодаи Румӣ ва дигарон сабақ гирифта буданд.
Солҳои 30-юми асри гузашта аввалин Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон дар Самарқанд ташкил ёфт. Соли 1941 ба муносибати 500-солагии шоири зуллисонайн, мутафаккир Алишер Навоӣ донишгоҳ номи ӯро гирифт. Барои шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтани мактаби олӣ хизматҳои олимони машҳур С.Умаров, А.Баҳовуддинов, Ҷ.Зокиров, М.Осимӣ, Воҳид Абдулло, Иброҳим Мӯъминов ва дигарон калон аст. Дар маскани мо адибу шоирони маъруфи тоҷику ӯзбек Ҳамид Олимҷон, Усмон Носир, Ҳабиб Юсуфӣ, Асқад Мухтор, Шароф Рашидов, Амон Матчон ва даҳҳо нафари дигар таълиму тарбия гирифтаанд, ки боиси ифтихори мо аст.
Ҳоло дар 12 факулта беш аз 10 ҳазор нафар донишҷӯ аз фанҳои гуногун сабақ мегиранд. Ба онҳо қариб 800 нафар муаллимону профессорон дар утоқҳои васеъ, равшан, хушҳаво сирру асрори фанҳоро меомӯзанд. Аз он ҷумла, 71 нафар профессорон, 306 нафар номзадҳои илм, 80 нафар дотсентҳо дарс медиҳанд.
– Таҳсил ба кадом забонҳо аст?
– Ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ. Дар факултаҳои физика, математика, таълими ибтидоӣ, филология, биология, химия, таърих, таълими меҳнат гурӯҳҳои тоҷикӣ дорем.
– Имсол қабул чӣ хел мешавад?
– Дар асоси қарорҳои Президент хеле навидҳо ҷорӣ гардид. Аз соли таҳсили 2018-2019 ҷорӣ кардани бакалавриат ба муҳлати таълими на камтар аз се сол ва магистратура ба муҳлати таълими на камтар аз як сол пешбинӣ шудааст. Ба шаҳрвандони хориҷӣ берун аз квотаи қабул аз тариқи суҳбат, бидуни супурдани имтиҳоноти тест ризоият дода мешавад. Ба довталабоне, ки сертификати низомҳои байналхалқии имтиҳонӣ, миқдори ҳадди баланди холҳоро бино бар фанҳои дахлдор доранд, бо озод кардани онҳо аз имтиҳоноти тест андешида шудааст. Дар донишгоҳ қабули имсола аз соли гузашта қариб 40 фоиз афзуд. Имсол 3525 нафар талаба қабул карда мешавад.
– Оё довталаб метавонад якбора ба якчанд мактаби олӣ ҳуҷҷат супорад?
– Ҳа, аммо масъала дар сари он аст, ки довталаб ба як мактаби олӣ ва якчанд донишкадаҳои байналхалқӣ тавассути сайти электронӣ ҳуҷҷатҳояшро бояд ирсол намояд. Офтоби бахташ аз куҷо метобад, донишу заковаташ муайян месозад. Боз як гап. Агар собиқ ҳарбиён ҳангоми супурдани ариза ду мактаби олиро нишон диҳанд, аз рӯйи хол ба яке аз муассисаҳои олӣ қабул карда мешаванд.
– Имсол дар қабули довталабон навигарие ҷорӣ гардид?
– Аввало бори нахуст ногироҳо аз квота берун (аз грант ду фоиз) қабул мешаванд. Дуюм, имсол ҷавонҳое, ки дар хизмати ҳарбӣ буданд, ё тавсифномаи қисми ҳарбӣ доранд, имтиёзи қабулашон бештар аст. Аз чунин имтиёз хизматчиёни ҳимоягари Ватан баҳраманд мешаванд. Дар таърихи истиқлоли кишвар шуъбаҳои ғоибона ва шабона кушода мешаванд. Барои ба ҳамаи саволҳои муштариён ҷавоби қаноатбахш додан «Маркази муроҷиат»-ҳо амал мекунад. Панҷ телефони хизматӣ ҷорист. Рақамҳои телефонҳоро аз сайти донишгоҳ пайдо кардан мумкин аст.
– Шунидем, ки аз Тоҷикистони бародарӣ низ довталабон ҳастанд. Онҳо кадом факултаҳоро интихоб мекунанд?
– Дар урфият «ихтиёр ба дасти бахтиёр» мегӯянд. Шояд онҳо бештар ба гурӯҳҳои тоҷикӣ дохил шаванд.
Боиси хурсандист, ки риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, алалхусус бо олимони тоҷик ва инчунин хориҷи дур мустаҳкам мегардад. Муносибатҳои мо бо мактабҳои олии Итолиё, Хитой, Испания, Туркия, Фаронса, Англия ва дигар мамлакатҳо беҳтар гардидааст. 
– Аҳмадҷон Солеевич, таманнои шумо ба довталабон.
– Аз бузургон пурсидаанд, ки умрро ба кадом шуғл сарф бояд кард? Ҷавоб додаанд, ки ба таҳсили улум. Мояи бузургӣ илму адаб аст. «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад». Лекин аз ҳаракат – баракат. Халқи тоҷик мақоли пандомез дорад: Ба ҷон кандан ояд бурун зар зи санг. Модом ки дониш чароғи ақл аст, ба гуфти шоир амал кунем:
Ёрон, худро даме ба худ боз диҳед,
Нақше, ки нуҳуфтаед, парвоз диҳед!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: