НАҚШИ ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚИИ СҲШ МЕАФЗОЯД

Маркази дипломатияи халқии Созмони ҳамкории Шанхай, марказаш дар шаҳри Тошканд, фаъолиятҳояшро сол аз сол тавсеа мебахшад.

Он дар муддати чаҳор соли мавҷудияти худ ҷиҳати ваҳдати мардуми кишварҳои аъзои ин созмон талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Ин матлабро директори Маркази дипломатияи халқии СҲШ Қобилҷон Собиров тайи як брифинг ба хабарнигорони маҳалливу хориҷӣ баён намуд.
– СҲШ аз замони таъсисёбӣ худро ҳамчун як созмони бонуфузе муаррифӣ кард, ки ба шарофати амалҳои прагматикии худ модели нави таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ – шарикие, ки ба таъмини субот ва сулҳ дар сайёра нигаронида шудааст, ба вуҷуд овард. Ҳаргиз ҷои шубҳа нест, ки принципхои «Рӯҳи Шанхай» ҳамчун манбаи қувва ва сарвати гаронбаҳои рушди СҲШ хизмати босазо мекунанд,– изҳор намуд Қобилҷон Собиров.
Ӯзбекистон бори чаҳорум аст, ки дар СҲШ раёсат мебарад ва дар давраҳои қаблии раёсати худ низ самтҳои афзалиятноки дидгоҳи фаъолияти худро ба таври возеҳ муайян намуда, устувор будани худро ба принсипҳои давомнокӣ ва таҳкими пайвастаи ҳамкориҳои гуногунсоҳа ҳамеша маҳкам доштааст. Инчунин дар рушди он, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани нуфузи ин сохтор дар миқёси байналмилалӣ саҳми бузург гузоштаву мегузорад.
Дар поёни брифинги Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон маросими рӯнамоии китоб-албоми «Дипломатия: аз дил ба дил” баргузор гардид. Дар он аз рӯзи таъсиси ин марказ то вазифаҳо, ҷанбаҳои фаъолият ва чорабиниҳои роҳандозишуда дар як қатор мақолаҳо, гузоришҳои хос ва аксҳои рангаву ҷолиб мунъакис ёфтааст. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: