НАҚШИ ҶАЛБИ САРМОЯҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ПЕШРАФТИ ВИЛОЯТИ ҚАШҚАДАРЁ

Иқтидори иқтисодии вилояти Қашқадарё бузург аст.

Иқтидори иқтисодии вилояти Қашқадарё бузург аст. Вилояти Қашқадарё 20 январи соли 1943 таъсис ёфтааст. Дар қаламрави ин вилоят ду шаҳри қадимӣ ва бузург маскан гузидаву дар 13 ноҳия мардум ба кору зиндагӣ машғуланд. 70 дарсади гази табиӣ, 78 дарсади нафт, 80 дарсади конденсати газ, 13 дарсади ҳаҷми умумии ғалла, 14 дарсади пахтаи кишварро ин вилоят истеҳсол мекунад.
Ҷонишини ҳокими вилояти Қашқадарё оид ба масъалаҳои сармоя  ва савдои беруна Ойбек Шогазатов маро дар утоқи кориаш истиқбол гирифт. Суҳбати мо аз он шурӯъ шуд, ки соли гузашта ин вилоят дар бобати ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардидааст. 
Вай афзуд, ки соли сипаришуда, ки “Соли сармояҳои фаъол ва рушди иҷтимоӣ” номида мешуд, нақшаву барномаҳои зиёдеро ҷиҳати бунёди корхонаҳои муштарак, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани салоҳияти иқтисодии он таҳти татбиқ қарор доданд. Таъкид ёфт, ки маҳз аз ҳамин ҳисоб дар се соли охир шаъну шуҳрати вилоят дар ҷумҳурӣ ва берун аз он хеле боло рафт. 
– Вилояти мо сол аз сол ободу зебо мешавад ва шаҳру рустоҳои он  намои тоза ва замонавӣ касб менамоянд. Дарвоқеъ, тавре ки Президент қайд намудааст, вилояти мо дорои имкониятҳои фаровони иқтисодӣ ва захираҳои бойи табиӣ ва маданӣ мебошад. Гузашта аз ин, нерӯи корӣ дар вилояти Қашқадарё низ хеле фаровон аст, – мегӯяд Ойбек Шогазатов.
Вай тазаккур дод, ки яке аз вазифаҳои муҳиме, ки сарвари давлат ба дӯши онҳо гузоштааст, ҷалби ҳарчи бештари сармояҳои хориҷӣ мебошад, зеро дар шароити кунунӣ бидуни ин сармояҳо пешрафти иқтисодиётро наметавон тасаввур кард. Ба гуфтаи ӯ дар вилоят барои анҷоми чунин вазифаҳо ва иҷрои корҳои марбут ба он  шароити созгор мусоидат менамояд.
– Мо қабл аз ҳама ҷалби ҳарчи бештари сармояҳои хориҷиро мадди назар дорем. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо истифода аз ширкатҳои хориҷӣ ва сармояҳои инвесторҳо ҷойҳои нави кор фароҳам меоварем ва салоҳияти иқтисодии онро мустаҳкам менамоем, – иброз дошт ҷонишини ҳокими вилоят.
Маълум шуд, ки моҳи феврали соли равон Ойбек Шогазатов ба Туркия сафари корӣ анҷом додааст. Вай муддати ду рӯз он ҷо тавонистааст, ки бо роҳбарони чандин ширкатҳои боқудрат вориди гуфтушунид шавад, барои аз ин кишвар ҷалб намудани сармоя якчанд тавофуқнома ба имзо расонад.
– Зимни ин сафар аз корхонаҳои истеҳсоли кранҳои овезон, дастгоҳҳои тавлидкунандаи лӯлаҳо барои обёрии қатраӣ, истеҳсоли конструксияҳои фулузӣ ва амсоли он боздид намудем ва дар робита ба роҳандозии ҳамкориҳо бо роҳбарони ин корхонаҳо ба тавофуқ расидем. Мувофиқи гуфтушунидҳои мо мутахассисони ин корхонаҳои туркӣ баъди ба эътидол омадани вазъи марбут бо коронавирус ва кушода шудани роҳҳои кишварамон ба вилояти Қашқадарё ташриф меоранд ва ҷиҳати иҷрои лоиҳаҳои мадди назари худ ба натиҷаҳои ниҳоӣ хоҳем расид, – гуфт О. Шогазатов.
Аз Ойбек Баҳодирович хоҳиш кардам роҷеъ ба он ҳарф занад, ки бархӯрд бо сармоягузорони хориҷӣ дар вилояти Қашқадарё чӣ гуна сурат мегирад.
– Шумо медонед, ки ҳар як сармоягузор мехоҳад сармояҳои воридкардааш зуд даромаду манфиат оваранд. Мо соли гузашта як форуми байналмилалии инвеститсионӣ ва дар шаш минтақаи Қашқадарё форумҳои вилоятӣ баргузор кардем. Форум майдонест барои ҳамкориҳо. Ба воситаи он шарикони нав пайдо карда, ба бунёди корхонаҳои нав замина муҳайё сохтан мумкин. Дар форум имкониятҳои сармоягузории Қашқадарё муаррифӣ гардиданд. Сармоягузорон аз объектҳои саноатии вилояти мо боздид карданд ва боҳам мубодилаи афкор намудем, – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ойбек Шогазатов иброз намуд, ки бо амри Президенти мамлакат ноҳияи Чироқчӣ минтақаи озоди иқтисодӣ эълон шудааст. Муддати он сӣ солро ташкил мекунад. Самтҳои асосии  кор дар ин минтақа дорусозӣ, кимиё, бофандагӣ ва коркарди маҳсулот, мошинсозӣ, истеҳсоли чарм ва амсоли онро фаро хоҳад хонд.
– Дар вилояти  мо бо кӯмаки сармояҳои хориҷӣ корхонаҳои муштараки зиёд ва хусусӣ шурӯъ ба фаъолият кардаанд. Роҷеъ ба корхонаҳои пешсафи саноатӣ ҳарф заданӣ бошем, номҳои ширкати саҳҳомии “Ӯзгеобурнефтегаз”, ҷамъиятҳои саҳҳомии масъулияташон маҳдуди “Муборакнефтегаз”, “Шуртаннефтегаз”, корхонаҳои коркарди гази Муборак, нуриҳои маъдании Деҳқонобод, нерӯгоҳи гармии барқи давлатии Талимарҷонро ба забон меорем, – мегӯяд мусоҳиби мо.
Танҳо дар соли сипаришуда Қашқадарё бо сармояи хориҷӣ 168 корхона бунёд кард. Интизор меравад, ки соли равон ба ивази 150 миллион доллари амрикоӣ корхонаҳои нав бунёд хоҳанд шуд. Ойбек Шогазатов мегӯяд, ки вилояти Қашқадарё тавассути сармоягузорони Афғонистон, Озарбойҷон, Белорус, Британияи Кабир, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Куриёи Ҷанубӣ ҳамкориҳои худро ба роҳ мондааст. Ғайр аз ин, бо ҷалби сармоягузорони ҳинд низ дар вилоят барпо намудани корхонаҳои муштарак барномарезӣ шудааст. 
– Самтҳои асосии фаъолияти сармоягузорони хориҷиро сохтмони иншоотҳои шабакаҳои обёрӣ, меҳмонхонаҳо, кемпингҳо, истеҳсоли калоба, матоъи абрешим, тавлиди маҳсулоти бофандагӣ, семент, битум, нуриҳои минералӣ, гармхонаҳо, панелҳои манзаравӣ, осиёб, дару тиреза, хишт, пойафзори чармӣ, йод, бром, контейнерҳои асептикӣ, таҷҳизоти варзишӣ ва таҷҳизот барои системи обёрии қатраӣ ташкил медиҳанд. Ҳамчунин бахшҳои дигари фаъолияти онҳо аз ташкили чорвопарварӣ, моҳипарварӣ, сунбули мушкин, тармими таҷҳизоти нафту газ ва амсоли он иборат аст. Барои расмӣ намудани ҳуҷҷатҳо ва санаду мадракҳои дигари зарурӣ ба сармоягузорони хориҷӣ Агентии хизматҳои давлатӣ кӯмак мерасонад. Ҳокимияти вилоят дар бобати фурӯхтани маҳсулоти корхонаҳои муштарак ва пайдо намудани харидорон масъулият бар дӯш надорад, – зикр намуд Ойбек Шогазатов.
Таъкид бояд кард, ки маҳсулоти тавлиднамудаи ҷамъи корхонаҳо ба Афғонистон, Қазоқистон, Эрон, Индонезия, Чин, Русия ва Туркманистон содир карда мешаванд. Оҳиста давраи харидорони ин маҳсулот боз фарохтар хоҳад шуд.
Яке аз корхонаҳое, ки ба истеҳсоли таҷҳизоти системи обёрии қатраӣ машғул аст, корхонаи “Ғузор Пуё Полимер” мебошад, ки бо ҷалби сармояҳои мустақими сармоягузорони эронӣ бунёд мегардад. Зимни боздид аз ин корхонаи бунёдшаванда бармеояд, ки ҳокимияти вилояти Қашқадарё барои сохтмони он саройи мошину трактори собиқро дар ихтиёри сармоягузори эронӣ гузоштааст. Гуфта мешавад, ки ин сарой солҳои дароз бекор мехобид. Ҳоло он лӯлаҳои полимерӣ истеҳсол мекунад, ки кишоварзон барои обёрии қатраӣ истифода хоҳанд кард. 
Масоҳати ин сарой хеле калон аст. Дар айни ҳол ду бино қомат афрохтааст ва бо таҷҳизот муҷаҳҳаз мегардад.
– Мо як қисми таҷҳизоту дастгоҳҳои худро ба ин корхона интиқол додем. Ба наздикӣ мо трансформатори алоҳида харидем, ки минбаъд дар таъмини нерӯи барқ мушкиле пеш нахоҳад омад. Аммо барои фаъол намудани басти аввали корхона ба оби тоза ниёз дорем, ки дар масофаи дуртар воқеъ гаштааст, – мегӯяд сармоягузори эронӣ Муҷтабоҳ Асғарӣ.
Тавре ки вай илова намуд, дар айни ҳол корхона 20 нафар ҷавонмардони маҳаллии ноҳияи Ғузорро ба кор таъмин намуд. Онҳо бо маош ва хӯроки нисфирӯзии ройгон таъмин мебошанд. Интизор меравад, ки баъди фаъол шудани корхона теъдоди коргарони он ба чанд карат хоҳад афзуд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Қаршӣ – Ғузор – Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: