НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

11 июн дар Тошканд конфронси байналхалқӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар пешгирӣ кардан ва аксуламал ба экстремизм ва радикализми зӯровар, ки боиси терроризм мегардад» кори худро оғоз мекунад.

Анҷуман аз ҷониби Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор мегардад.
Дар конфронс иштироки намояндагони созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла СММ, ИА, САҲА, ҳайатҳо ва коршиносони байналхалқӣ аз ИМА, Британияи Кабир, Олмон, Испания, Нидерландия, Латвия, Русия, Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Малайзия, Қувайт, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, ҳамчунин сенаторон, депутатҳо, фаъолони Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, арбобони илм ва ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ пешбинӣ шудааст.
Дар конфронс асосҳои сиёсиву ҳуқуқии мубориза бо экстремизм ва радикализми зӯровар дар байни ҷавонон, ки боиси терроризм мегарданд, масъалаҳои баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ин раванд, пурзӯр кардани ҳамкории давлатҳо ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, роҳ надодан ба тарғибу  ташвиқи ин ҳодисаҳо аз тариқи Интернет ва расонаҳои ахбори оммавӣ, мустаҳкам кардани ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои илм, маданият ва варзиш ба мақсади пешгирӣ кардани ҷавонон аз таъсири терроризм ва экстремизми зӯровар баррасӣ мешаванд.
Ҳамчунин дар бораи нақши созмонҳои ҷавонон бобати пешгирӣ намудани экстремизми зӯровар ва терроризм, муносибати ҳамҷиҳатона дар мубориза бар муқобили омилҳое, ки сабаби терроризм дар байни ҷавонон, ташкилоти байналхалқии ҷавонони кишварҳои минтақа мегарданд, мубодилаи муфассали фикру ақидаҳо ба амал меоянд.
Дар доираи конфронс 12 июн дар Самарқанд бо иштироки вакилони конфессияҳои динӣ ва марказҳои фарҳанги миллӣ дар мавзӯи «Таҷрибаи Ӯзбекистон дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ ва байнидинӣ» мулоқот ташкил карда хоҳад шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: